Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш

23.09.2020 08:24, ноҳияи Вахш
Ифтитоҳи бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш   23.09.2020

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Вахш ифтитоҳ карданд. 

Иттилоъ дода шуд, ки бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, дорои 7 ҳуҷраи корӣ, китобхона, шуъбаҳои ташкилӣ ва бақайдгирӣ, кор бо занон ва ҷавонон, таблиғот, иттилоот ва матбуот мебошад.

Ҳамзамон дар бино толори маҷлис мавҷуд мебошад, ки барои гузаронидани суҳбату вохуриҳо бисёр мувофиқ аст.

Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни умумимиллӣ - 30 солагии Истиқлоли давлатӣ бо иқдоми бародарони соҳибкор аз оилаи Юнусовҳо тариқи ҳашари дастаҷамъона сохта шудааст.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520