Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ва ифтитоҳи бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

24.09.2020 15:00, ноҳияи Шамсиддини Шоҳин
Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ва ифтитоҳи бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин   24.09.2020

24 сентябр  Асосгузори  сулҳу ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон барои шиносоӣ  аз  вазъи зиндагии мардум, суҳбату мулоқот бо  сокинону фаъолон, ҷараёни корҳои созандагию ободонӣ  ва   ифтитоҳи иншооти  таъиноти  гуногун бо сафарӣ корӣ ба  ноҳияи Шамсиддин  Шоҳини вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар  даврони  соҳибистиқлолӣ  бо  бунёди  зиёда  аз  300  иншооти наву замонавӣ   ободу   зебо шуда, шароити кору хизматрасонӣ беҳтар ва сатҳи зиндагии мардум баланд гардидааст.
Президенти    мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин нахуст  бинои  Қасри фарҳангро ба  истифода  доданд. 
Даромадгоҳ ва девору сақфи бинои навбунёди  Қасри фарҳангро нақшу нигори миллӣ оро додааст, ки аз санъати волои меъмории миллӣ шаҳодат медиҳад.
Бинои  дуошëнаи  Қасри фарҳанг  бо харҷи зиёда аз 8 миллион сомонӣ дар масоҳати  1 ҳазору 248  метри мураббаъ  сохта шуда, дар ошёнаи якуми  он  миёнсарой, толори барҳаво барои 385  ҷойи  нишаст, утоқҳои  маҳфил, санъаткорону техникӣ ва дар қабати дуюм миёнсарой,  ҳуҷраҳои корӣ,  техникӣ  ва  утоқҳои санъаткорон ҷойгир мебошад.

Мавриди зикр аст,  ки  санги  асос ба  сохтмони бинои Қасри фарҳанги  ноҳияи  Шамсиддин  Шоҳин соли 2017  бо  иштироки Пешвои  муаззами  миллат  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон гузошта шуда,  иншооти мазкур  дар   муҳлати пешбинишуда  бо сифати  баланд бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ  қарор гирифт.

Пешвои  миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳам гардида дар бинои Қасри фарҳанг шинос  шуда, иншооти мазкурро дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30  - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфаи арзишманде барои  аҳли фарҳанги ноҳияи Шамсиддин  Шоҳин  арзёбӣ  намуданд.

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 15 номгӯи сози миллии мусиқӣ тақдим  гардид.

Толори  Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин барои баргузории тадбирҳои гуногун дорои шароити мусоид буда,  фаъолияти санъаткорон дар ин бинои замонавӣ боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.
Дар ноҳияи  Шамсиддин  Шоҳин  32  муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 5  хонаи фарҳангӣ, 7 клуб, Китобхонаи  марказӣ, 17 китобхона дар деҳот, Боғи фарҳангӣ- истироҳатӣ ва Мактаби санъати бачагона фаъолият дорад, ки  солҳои  соҳибистиқлолӣ  навсозӣ  гардида,  дар онҳо шароити мусоиди корӣ ва  хизматрасонӣ  фароҳам оварда  шудааст.

Дар толори Қасри фарҳанг  аз тарафи  аҳли фарҳанги ноҳияи  Шамсиддин Шоҳин   барномаи ҷолиби  ҳунарӣ пешниҳод гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520