Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

24.09.2020 15:59, ноҳияи Шамсиддини Шоҳин
Ифтитоҳи бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин   24.09.2020

24 сентябр Асосгузори  сулҳу ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бинои маъмурии  бахши ҳифзи муҳити зистро ба истифода супурданд.

Бинои навбунёд ва хуштарҳу замонавии  бахши ҳифзи муҳити зист аз  се  ошёна иборат буда, дорои 10  утоқи корӣ,  маҷлисгоҳ, осорхона  ва    меҳмонхона  мебошад.

Аснои шиносоӣ  бо шароити бинои навбунёд  ба  Пешвои  муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ  доданд, ки  сохтмони  иншооти мазкур соли  2020 оғоз гардида,  дар муҳлати камтар аз як сол бо харҷи  зиёда аз 2 миллион  сомонӣ бунёд  карда шуд.

Бинои бахши ҳифзи муҳити зист, ки аз  ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  “Сомон - Орзу” – и  ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30 - солагии  Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сохта шудааст,  дар он шароити арзандаи корӣ фароҳам мебошад.

Утоқҳои  кории бинои  бахши ҳифзи муҳити зист  бо   таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, барои фаъолияти минбаъдаи кормандон имконияти зиёд мавҷуд аст.

 Президенти   мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба масъулон ва  кормандони  бахши ҳифзи  муҳити  зист  дастур  доданд, ки  барои  муҳофизати  олами набототу  ҳайвоноти нодир, ки  дар ноҳияи Шамсиддин  Шоҳин  хеле зиёд  аст   бо    ҳисси масъулияти баланд фаъолият намоянд.

Солҳои соҳибистиқлолӣ  дар ноҳияи  Шамсиддин  Шоҳини вилояти Хатлон дар  баробари  сохтмони марказҳои хизматрасонӣ даҳҳо биноҳои маъмурӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд, ки ба ҳусни ноҳия зебогии дигар зам карданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520