Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

24.09.2020 16:09, ноҳияи Шамсиддини Шоҳин
Ифтитоҳи майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин   24.09.2020Ифтитоҳи майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин   24.09.2020

24 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Парафшон гардидани Парчами давлатӣ дар маркази ноҳия ҳамчун муқаддасоти миллӣ ва рамзи истиқлолу пойдории давлат ба симои ноҳия зебогии тозаро зам намуда, гирду атрофи он ба яке аз ҷойҳои дилфиреб ва писандидаи сайру гашти сокинон мубаддал гардид.

 Майдони умумии замини иншоот 1,5 гектарро ташкил дода, пояи Парчами давлатӣ 40 метр, дарозӣ ва пахноии матоаш 14 бар 7 метрро ташкил медиҳад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи августи соли 2020 оғоз ёфта, коргарону мутахассисони маҳаллӣ тавонистанд дар муҳлати кӯтоҳ бо риояи талаботи меъёрҳои меъморию шаҳрсозӣ ва сифати баланд ба анҷом расонанд.

Бунёди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то имрӯз дар аксар шаҳру ноҳияҳои мамлакат сурат гирифт, иқдоми муҳими бедор кардани ҳисси баланди ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва гироми доштани муқаддасоти Ватани маҳбубамон Тоҷикистон мебошад.

Майдони парчам бо сангҳои ороишӣ, гулҳои рангоранг ва ниҳоли дарахтони сояафкан  зебу зиннат ёфтааст. 

Дар доираи корҳои ободонӣ барои сайругашти сокинон 10 нишастгоҳи замонавӣ ва 33 чароғпояи хурду бузург насб гардидааст, ки макони беҳамтои истироҳат ва фароғат ба ҳисоб меравад.

Сокинон аз он ифтихор доранд, ки дар доираи иқдомҳои созандаи давлат ва Ҳукумати мамлакат махсусан таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон биноҳои наву замонавӣ ва мавзеъҳои фароғатӣ бунёд мешаванд.

Изҳори эътимоду боварӣ карда шуд, ки аз ин пас дар ин макони зебо ва гулгашти назаррабо чун нишони садоқат ва меҳру муҳаббати бепоён нисбат ба рамзҳои давлатӣ чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор карда мешавад, ки ин воситаи муҳими баланд бардоштани ҳиси худшиносии миллӣ дар замири насли ояндасози давлат мегардад.    

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520