Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи шаҳраки варзишӣ дар деҳоти “Лоҳутӣ”-и ноҳияи Ховалинг

25.09.2020 17:59, ноҳияи Ховалинг
Ифтитоҳи шаҳраки варзишӣ дар деҳоти “Лоҳутӣ”-и ноҳияи Ховалинг  25.09.2020

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг дар деҳоти Лоҳутӣ шаҳраки варзиширо мавриди истифодабарӣ қарор доданд.

Шаҳраки варзишӣ аз ду майдони хӯрди футбол, толори теннис, шоҳмоту шашка, ду майдони волейбол, ҳавзи шиноварӣ, майдони обутоби бадан ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароиту имкониятҳои маҷмааи варзишӣ шинос шуда, ба корҳои сохтмонӣ дар он баҳои баланд доданд ва ҷавононро барои истифодаи мақсаднок аз имкониятҳои фароҳамшуда ҳидоят намуданд.

Маҷмааи нави солимгардонӣ дар мавзеи хеле мувофиқ бо тарҳи хеле зебо, бо дарназардошти талаботу меъёрҳои муосир дар асоси ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи соҳибкор Исмоил Садиров дар майдони 2 гектар замин бунёд гардидааст.

Бунёду ба истифода додани маҷмааи варзишӣ туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат барои ҷавонони ноҳияи Ховалинг ба истиқболи ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар ноҳияи Ховалинг 61 майдончаи варзишӣ мавҷуд аст.

Соли 2019 дар ноҳия 6 майдончаи варзишӣ ва дар соли ҷорӣ 20 майдончаи варзишӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Дар асоси нақша - чорабиниҳои таҷлили сазовор аз 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз бунёди 11 майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Ховалинг ба нақша гирифта шудааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520