Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи гулгашт ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ

01.10.2020 10:17, ноҳияи Рӯдакӣ
Ифтитоҳи гулгашт ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ  01.10.2020

1 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ гулгашти Исмоили Сомониро мавриди истифода қарор доданд.

Сарвари давлат дар ҳамин ҷо аз болои муҷассамаи аввалин бунёдгузори давлати тоҷикон - Шоҳ Исмоили Сомонӣ парда бардоштанд.

Муҷассама дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Сомониён қомат афрохта, дар идомаи тадбирҳои созандагӣ барои истиқбол аз 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳайкалтарош Алиҷон Бобошарифов бо санъати баланд омода гардидааст.   

Баландии муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 5,3 метр ва дар маҷмӯъ бо таҳкурсиаш 9,3 метрро ташкил медиҳад.

Дар ду паҳлӯи муҷассама ду шер ҳамчун рамзи ҷасорату тавонмандии миллати тоҷик гузошта шудааст.

 Масоҳати умумии замини гулгашти Исмоили Сомонӣ 0,18 гектарро дар бар гирифта, корҳои сохтмонию паймонкорӣ дар иншоотро кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Планета БАФ” ба анҷом расондаанд.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 30 нафар мутахассисон ҷалб гардида, бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд.

Гулгашти Исмоили Сомонӣ дар идомаи тадбирҳои созандагӣ зебо карда шуда, наздики 8000 бех гулҳои рангоранг ва ниҳолҳо дар он шинонида шудааст.

Барои таъмини истироҳату фароғати сокинону меҳмонон дар атрофи муҷассама ду фаввора ва 15 адад нишастгоҳ низ гузошта шудааст.

Ҳамзамон роҳравҳои атрофи иншоот дар масоҳати 1400 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, бо мақсади бо дастовардҳои арзанда истиқбол намудан аз 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақша дар ноҳияи Рӯдакӣ бунёду ба истифода додани 414 адад иншооти дорои таъйиноти гуногун дар назар аст.

Дар шаҳраки Сомониён бошад, ба ифтихори ин ҷашни фархундаи миллӣ  бунёд ва ба истифода додани 44 иншоот дар назар дошта шуда, аллакай 35 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта дар гулгашти Исмоили Сомонӣ баҳои баланд дода, ба масъулон ҷиҳати истифодаи пурсамар аз имконоту иқтидорҳои мавҷуда барои бо сифати баланд ба анҷом расондани корҳои бунёдиву сохтмонӣ дар иншооти ҷашнии боқимонда ва дар муҳлати муайянгардида мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳо дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Атрофи гулгашти Исмоили Сомониро шабонгоҳ чароғҳои гуногуногуни равшанидиҳанда зиннат мебахшанд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520