Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз кишти зироати хоҷагиҳои деҳқонӣ дар деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат

08.10.2020 10:12, шаҳри Ваҳдат
Боздид аз кишти зироати хоҷагиҳои деҳқонӣ дар деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат  08.10.2020

8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти нашъунамои зироати тирамоҳӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии «Наҷот», «Икромҷон-1», «Ойбӣ», «Зулфия», «Бахтиёр» ва «Фирӯз» дар деҳоти Чӯянгарони шаҳри Ваҳдат шинос шуда, аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.

Майдони умумии заминҳои кишти ин хоҷагиҳо 6 гектарро дар бар гирифта, ҳамасола аҳли заҳмат бо дарки баланди маданияти истифодабарии замин аз як то чор ҳосил ба даст меоранд.

Заҳматкашони хоҷагиҳои мазкур соли равон дар кишти асосӣ дар майдони 4 гектар гандум, 0,60 гектар картошка, 0,55 гектар помидор ва 0,65 гектар беда барои хӯроки чорво кишт намуда буданд, ки аз ҳар як гектар ба ҳисоби миёна 77 сентнерӣ ҳосил гирифтанд.

Хоҷагидорон дар кишти такрорӣ низ дар заминаи талошҳо дар роҳи расидан ба амнияти озуқаворӣ кишту парвариши зироати гуногунро ба роҳ мондаанд, ки нашъунамои хуб доранд.

Аҳли заҳмати хоҷагиҳо дар кишти такрорӣ дар майдони зиёда аз 2 гектар ҷуворимакаи дон, 2,35 гектар мош, 0,45 гектар бодиринг, сабзӣ, карам ва қулфинай коридаанд.

Кишоварзони ин хоҷагиҳо парвариш ва кишти зироатро ҳамасола дар асоси маслиҳату машварати мутахассисон бо интихоби тухмиҳои серҳосил ба роҳ монда, дастовардҳои меҳнатиро сол аз сол беҳтар мекунанд.

Кишти тирамоҳӣ низ дар хоҷагиҳои номбурда бо истифода аз қоидаҳои агротехникӣ ва интихоби тухмиҳои серҳосил ба роҳ монда шудааст.

Кишоварзон аллакай дар майдони 0,40 гектар пиёзи барвақтӣ ва 0,10 гектар сирпиёз корида, ин маъракаро бо ҷамъоварии пурраи ҳосили зироати такрорӣ вусъат мебахшанд.

Зимни боздиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти нашъунамои зироат дар хоҷагиҳои мазкур иттилоъ дода шуд, ки дар деҳоти Чӯянгарон майдони умумии заминҳои корам 548 гектарро дар бар мегирад, ки аз ин 170 гектараш лалмӣ ва 478 гектари дигарро заминҳои корами обӣ ташкил медиҳад.

Соли равон кишоварзони ин деҳот аз майдони умумии 220 гектар гандум беш аз 41 сентнерӣ ва аз 280 гектар сабзавот 340 сентнерӣ ҳосил рӯёндаанд.

Кишоварзон нақша доранд, ки дар кишти тирамоҳӣ дар майдони 180 гектар гандум, 20 гектар ҷав, 70 гектар пиёзи бехӣ ва 10 гектар пиёзи баҳорӣ кишт намоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо рафти нашъунамои зироат дар хоҷагиҳои деҳқонии «Наҷот», «Икромҷон-1», «Ойбӣ», «Зулфия», «Бахтиёр» ва «Фирӯз» таҷрибаи кишоварзони деҳоти Чӯянгаронро дар самти кишту парвариш ва истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ намуна арзёбӣ намуда, барои боз ҳам афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва истифодаи пурсамару мақсадноки ҳар як ваҷаб замини корам ба хоҷагидорон дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Дар ҳамин ҷо Роҳбари давлат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Ваҳдат дидан намуданд.

Кишоварзони шаҳр бо мақсади таъмини сокинони мамлакат бо маҳсулоти хушсифату аз ҷиҳати экологӣ тоза, ки яке аз ҳадафҳои асосии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад, талош намуда, сол аз сол бо кишту парвариши зироати гуногун дар ин самт саҳми назаррас мегузоранд.

Дар намоишгоҳ кишоварзони шаҳри Ваҳдат намунаҳо аз маҳсулоти истеҳсолиро, ки ҳамасола дар кишти асосӣ, такрорӣ ва тирамоҳӣ парвариш мекунанд, ба тамошо гузоштанд.

Бо инобати вазъияти мавҷуда, ки рушди соҳаи кишоварзӣ омили асосии таъмини амнияти озуқаворӣ дониста мешавад, хоҷагидорони шаҳри Ваҳдат майдони кишту парварищи зироати гуногунро сол аз сол зиёд мекунад.

Дар намоишгоҳ ҳамзамон дастранҷи занбӯриасалпарварони шаҳр ба маъраз гузошта шуда, иқтидори истеҳсолӣ дар ин самт низ муаррифӣ гардид.

Тавре таъкид гардид, гулу гиёҳҳои шифобахш ва майдони васеи ҷангалзори шаҳри Ваҳдат барои таъмини рушди соҳа мусоидати фаъол мекунад.

Шумораи оилаҳои занбӯри асал феълан дар шаҳр ба 15 ҳазору 522 адад расида, занбӯриасалпарварон соли равон 1234 тонна асали хушсифат ба даст овардаанд, ки нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад.

 Занбӯри асал дар шаҳри Ваҳдат асосан дар минтақаи кӯҳистони дараи Ромит парвариш карда мешавад ва маҳсулоти занбӯри асали ин минтақа ботамъу маззаи хосаш аз асалҳои дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар тафовут дорад.

Бо дар назардошти зиёд будани талабгорони асали табиии шаҳри Ваҳдат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташкили корхонаҳои бастубанди он бо шаклу усулҳои хоси миллӣ дар минтақа ва истифодаи мақсаднок аз имконоту иқтидорҳои мавҷуда дар ин самт ба масъулон дастуру ҳидоятҳо доданд.

Шаҳри Ваҳдат дорои имконоту иқтидорҳои зиёд дар самти рушди соҳаи парандапарварӣ низ мебошад.

 Бино ба маълумот теъдоди паранда дар ин шаҳр соли равон ба 810 ҳазору 880 сар расонида шуда, 73 миллиону 913 ҳазор донна тухм истеҳсол гардидааст.

Дар намоишгоҳ ҳамчунин дастоварди ҷангалпарварони шаҳр, аз ҷумла хушкмеваю меваҳои тару тоза ва дигар растаниҳои дар ҷангалзори ин минтақа парваришёфта муаррифӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҷангалзори ҳудуди шаҳри Ваҳдат зиёда аз 40 навъи гиёҳҳои шифобахш мерӯяд ва ҷагалпарварон барои ҷамъоварии беталафи он аз имконоти мавҷуда пурсамар кор мегиранд.

Дар гӯшаи дигари намоишгоҳ зиёда аз 20 намуд ниҳоли ороишӣ ва ҳамешасабз, ки дар КВД «Ниҳолпарвар»-и назди Агентии Хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат парвариш меёбанд, ба маъраз гузошта шуд.

Дар шаҳри Ваҳдат ҳамчунин 11 хоҷагии инфиродии ниҳолпарвар фаъолият дорад, ки ҳамасола дар мавсими ниҳолшинонӣ дар таъмини сокинон бо ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишӣ ва мевадиҳанда саҳми назаррас мегузоранд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулону ниҳолпарварони шаҳр барои истифода аз таҷрибаи пешрафтаи кишварҳои дигар дар ин самт, таъмини сокинон бо ниҳолҳои мевадиҳандаю ҳамешасабз ва гулу буттаҳои ороишӣ дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо ҳунари волои занону бонувон, ки ба пухтани нонҳои лазиз ва таомҳои гуногуни миллӣ машғул буданд, шинос шуда, ба ҳунари онҳо баҳои арзанда доданд.

Занону бонувони шаҳри Ваҳдат дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Сарвари давлатро дар самти омӯзиши нозукиҳои ҳунари нонпазӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷавондухтарон барои аз худ кардани нозукиҳои омода намудани ҳамагуна таомҳои миллӣ сармашқи кор қарор додаанд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо инобати вазъи феълии ҷаҳон таваҷҷуҳи масъулон ва хоҷагидорони шаҳри Ваҳдатро барои таъмини аҳолии мамлакат бо маҳсулоти худӣ ҷалб намуда, ҷиҳати афзоиш додани ҳаҷми тавлиди маҳсулот, ба гардиш даровардани заминҳои нав, роҳандозии усулҳои муосири бастубанди маҳсулот ва захираи маводи ғизоӣ барои давраҳои минбаъда дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520