Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, дар хоҷагии деҳқонии Қушатов якчанд ниҳоли зардолу шинонда, ба бунёди боғи нави 300 гектара асос гузошт.
Бо оғози бунёди ин боғ ҳамчунин аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мавсими нави ниҳолшинонӣ низ дар мамлакат оғози расмӣ бахшида шуд.
Чунонки зикр гардид, ки дар ин боғ ниҳолҳои зардолу, хурмо, шафтолу ва себу анор шинонда мешавад ва қисмати зиёди он, яъне зиёда аз 180 гектарашро зардолубоғ ташкил хоҳад дод.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар сӯҳбат бо деҳқонону мутахассисон таъкид дошт, ки маҳз зардолу метавонад яке аз маҳсулоти асосии муаррификунандаи Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ бошад.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди намояндагони сершумори аҳолии ноҳияи овозадори Бобоҷон Ғафуров суханронӣ намуда, бори дигар таъкид дошт, ки мутобиқи супориши қаблан додаи ӯ дар зарфи 4 соли оянда дар ҳудуди вилояти Суғд дар 20 ҳазор гектар ва маҷмӯан дар ҷумҳурӣ дар 50 ҳазор гектар замин боғҳои нав бунёд карда мешаванд ва оянда боғдорӣ, хусусан зардолупарварӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзии Тоҷикистон хоҳад шуд.
Сарвари давлат пешниҳод кард, ки боғи мазкур «20- солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номида шавад.
Даъвату ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба иштироки арзанда дар бунёди нерӯгоҳи обии Роғун тариқи харидорӣ аз саҳмияҳои он мавриди пуштибонӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи мардум қарор гирифт.
Намояндагони сершумори мардум аз ҷумлаи пиру ҷавон ва коргарони касбу кори гуногун изҳор медоштанд, ки баробари ба фурӯш баромадани саҳмияҳо аз онҳо харидорӣ намуда, нақши худро дар бунёди ин иншооти тақдирсози Тоҷикистон мегузоранд.