Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикоти телевизионӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

23.11.2009 19:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Чанд рӯз пеш аз ин, дар суханронии худ ба ифтихори ҷашни 15-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон, ки дар он Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ҳамчун рамзҳои асосии давлат ва нишонаҳои соҳибихтиёрии давлату миллат эълон шудаанд, изҳор карда будам, ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Президент доир ба муқаррар намудани Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни дахлдорро ба парламенти мамлакат пешниҳод намудам.

Боиси қаноатмандист, ки ба наздикӣ қонуни мазкур қабул гардид ва мутобиқи он мо акнун имкон пайдо кардем, ки минбаъд ҳар сол Рӯзи Парчами давлатиро, ки 24-уми ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд, бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ таҷлил намоем.

Ва имрӯз, ки мо дар таърихи давлати соҳибистиқлоламон Рӯзи Парчами давлатиро бори нахуст ҳамчун иди умумимиллӣ ҷашн мегирем, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли ҳамватанони бурунмарзӣ, инчунин ҳамаи тоҷикони ҷаҳонро, ки Тоҷикистонро хонаи умеди худ медонанд, ба ифтихори ин ҷашни нави миллӣ ва давлатӣ самимона табрик мегӯям.

Миллати тоҷик, ки дорои таърих ва суннатҳои хеле қадимаи давлатсозиву давлатдорӣ мебошад, аз давраҳои бостонӣ соҳиби давлатҳои мутамарказ ва рамзу рукнҳои хоси онҳо буд.

Дар ин маврид тасвиру хусусиятҳои хоси Дирафши Ковиёнро, ки ҳоло дар Ливои Президенти Тоҷикистон ҳамчун рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлати миллии мо инъикос ёфтаанд, хотирнишон кардан кофист.

Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Дар он рангҳои сурх, сафед ва сабз талошу муборизаҳои халқи тоҷикро барои озодиву истиқлол ва барпо намудани зиндагии осудаву поянда ифода карда, тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун рамзҳои барои миллати мо муқаддас соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистонро инъикос менамоянд.

Вале барои хурду калони Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳимтар аз ҳама он аст, ки Парчами давлатӣ ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуда, ҳангоми маъракаҳои расмии давлатӣ, чорабиниҳои сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун рамзи шоистаи ватандории тоҷикон барафрошта мешавад.

Аз ин рӯ, эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад.

Бо қаноатмандӣ мехоҳам изҳор намоям, ки имрӯз ифтихор аз рамзҳои давлатдорӣ зеҳну шуури тамоми ҷомеаро фаро гирифтааст ва метавон гуфт, ки ин эҳсоси гарми ифтихор дар таҳкими сулҳу субот, дӯстиву якдилӣ ва ваҳдати халқи азизамон нақши барҷаста дорад.

Аз ин лиҳоз, итминони комил дорам, ки Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун таҷассуми умеду ормонҳои мо ҳамеша парафшон хоҳад буд ва зери сояи он мо дар роҳи ободии Ватани азизамон ба дастовардҳои рӯзафзун ноил хоҳем шуд.

Сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои муваффақ шудан ба ин ниятҳои нек тамоми шароити заруриро фароҳам овардааст ва ҳоло мардуми мо ҳамаи имкониятҳоро доранд, ки барои беҳтар гардонидани сатҳ ва сифати зиндагии худ ва ободии сарзамини аҷдодиамон заҳмати бунёдкорона намуда, таҳти Парчами давлати худ бо ифтихори ватандорӣ ва шукрона аз неъматҳои истиқлол сӯи фардо устуворона қадам бардоранд.

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш аввалин ҷашни Парчами давлатиро бори дигар ба ҳамаи шумо - ҳамватанони азиз, самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳар хонадони кишвари азизамон шодиву сурури идона таманно дорам.

Бигзор, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо бар сари миллати тоҷик ва давлати тоҷикон то ҷовидон парафшон бошад ва моро ба сӯи ояндаи ободу осуда раҳнамоӣ созад!

Ҳамеша сарбаланду муваффақ бошед ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520