ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи директори Агентии назорати маводи
нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Воҳидзода Ҳ.С.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
18 ноябри соли 2020
№70