Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Форуми ҳамоиши иқтисодӣ ва сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон

07.09.2009 20:00, ноҳияи Варзоб

Бегоҳии рузи 7 – уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибҳа Патил дар қароргоҳи Ҳукумати мамлакат дар ноҳияи Варзоб дар Форуми соҳибкорону сармоягузорони ду кишвар иштирок ва суханронӣ намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон ва хонум Пратибҳа Патил аз заминаи васеи сиёсӣ ва қарордодию ҳуқуқӣ, ки барои рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни Тоҷикистону Ҳиндустон бунёд ёфтааст, ёдовар шуда, соҳибкорону тоҷирон ва сармоягузорони ду кишварро ба таҳкиму густариши робитаҳои барои ҳарду ҷониб судманд ҳидоят намуданд.

Таваҷҷӯҳи зиёд ба соҳаҳои гидроэнергетика, кишоварзӣ, сохтмон, туризм, истихроҷ ва коркарди нафту газ, ангишт, уран, сангҳою металҳои қиматбаҳо ва дигар канданиҳои фоидаовар зоҳир гардид.

Чунонки хонум Пратибҳа Патил изҳор дошт, «Тоҷикистон дорои захираҳои бепоёни гидроэнергетикӣ аст ва мо аз онҳо бояд ба нафъи кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла хиндустон васеъ истифода намоем».

Чанде аз соҳибкорони соҳибнуфузи Ҳиндустон баҳри бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёнаи обӣ дар Тоҷикистон, ки, ба гуфти онҳо, басо судовар аст, изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Баҳри боз беҳтар намудани заминаҳои ҳамкорӣ зарурати кушодани хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни ду кишвар таъкид гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520