Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ноиби Президенти Бонки Исломии Рушд Бирама Боубакар Сидибе

27.07.2009 19:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки Исломии Рушд Бирама Боубакар Сидиберо ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявии минтақавӣ баррасӣ шуд.

Бирама Боубакар Сидибе Тоҷикистонро яке аз аъзои бисёр муҳим, фаъол ва ташаббускори Бонки Исломии Рушд номида, изҳор дошт, ки ӯ ба ин ҷо барои муҳокима ва дарёфти роҳҳои рушди ҳамкории минбаъда ва кӯмакрасонӣ баҳри коҳиш додани таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ омадааст.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки аз замони узвияти Тоҷикистон дар Бонки Исломии Рушд, яъне аз соли 1997 ба ин сӯ дар ин ҷо 19 созишномаи қарзӣ ва 11 лоиҳаи грантӣ бо дастгирии молиявии ин бонк амалӣ шудаанд.

Айни ҳол дар Тоҷикистон аз ҷониби Бонки Исломии Рушд 8 лоиҳаи инвеститсионӣ сармоягузорӣ карда мешавад, ки маблағи умумии онҳо 91,5 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Зикр гардид, ки мутобиқи Барномаи сесолаи ҳамкорӣ бо Бонки Исломии Рушд то соли 2011 дар Тоҷикистон 7 созишномаи қарзӣ бо маблағи 80 миллион доллари амрикоӣ ва 5 лоиҳаи грантӣ ба маблағи 1,3 миллион доллари амрикоӣ амалӣ хоҳанд шуд.

Таъкид гардид, ки дар ҷараёни ҳамин сафар Бирама Боубакар Сидибе ду созишномаи қарзии Бонки Исломии Рушдро бо сохторҳои дахлдори Тоҷикистон ба имзо мерасонад, ки мутобиқи онҳо 20 миллион доллари амрикоӣ барои сохтмон ва навсозии роҳи мошингарди Кӯлоб - Қалъаи Хумб ва 10 миллион доллари амрикоӣ барои маблағгузории лоиҳаҳои хурди рушди деҳот ҷудо карда хоҳад шуд.

Бирама Боубакар Сидибе ҳамчунин иттилоъ дод, ки барои муайяну мушаххас намудани роҳҳои густариши ҳамкории минбаъда ва ҳаҷми кӯмакҳои ояндаи молиявӣ ба Тоҷикистон ба наздикӣ ба шаҳри Душанбе гурӯҳи кории Бонки Исломии Рушд ташриф хоҳад овард.

Дар Тоҷикистон таъсис додани як бонк, ки бо усулҳои исломии бонкдорӣ фаъолият дошта бошад, зарур шумурда шуд.

Зимни мулоқот оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Бонки Исломии Рушд дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва ҳамчунин атрофи татбиқи лоиҳаҳои калонҳаҷми дорои аҳамияти минтақавӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520