Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

20.07.2009 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъулини Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони як қатор вазорату идораҳо ва дигар шахсони дахлдор машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат масоили вобаста ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, ҷамъоварии ҳосили зироатҳо ва тезондани кишти такрорӣ, иҷрои буҷети давлатӣ, таъмини кори пурсамари корхонаҳои саноатӣ, татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ, омодагӣ ба зимистон ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуд.
Оид ба рафти корҳои созандагию ободонӣ, аз ҷумла дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон гузориши Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ва дигар шахсони масъул шунида шуд. Зикр гардид, ки бо супориши Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳайати кории ҳукуматӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти сершумори шаҳру ноҳияҳои ин вилоят шиносоии бевосита пайдо намуданд ва баҳри бо суръат ва сифати баланд анҷом додани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷамъоварии беталаф ва саривақтии ҳосили фаровони ғалладона ва вусъати кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ, таъмини иҷрои буҷети давлатӣ ва пардохти бетаъхири маошу нафақа ва кӯмакпулиҳо, омодагии ҷиддӣ ба зимистон ва дигар масъалаҳои баррасишуда ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Аз ҷумла дастур дода шуд:

Дарави ғалладона ҳарчи зудтар анҷом дода ва кишти такрорӣ тезонда шавад;

Омодагии ҷиддӣ ба зимистон таъмин гардад, аз ҷумла бо захираи фаровони ангишт, гази моеъ ва маводи ғизоӣ;

Сохтмони нақби Шаршар, азнавсозии роҳи мошингарди Қурғонтеппа - Дӯстӣ - Панҷи Поён ва татбиқи ҳамаи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад;

Кори пурмаҳсули корхонаҳои саноатӣ дар мавсими фаровонии нерӯи барқ дар 3 баст таъмин гардад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф, захираи маводи сӯхт дар муассисаҳои соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳ ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520