Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Маркази фарҳангӣ дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара

21.10.2021 15:30, ноҳияи Данғара
Ифтитоҳи Маркази фарҳангӣ дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара  21.10.2021

21 октябр дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Исмат Шариф Маркази фарҳангии деҳаи Хуррамзаминро баъди азнавсозӣ ба истифода доданд.

Иншооти мазкур солҳои 50-уми асри гузашта бунёд ёфта, дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.

Дар партави сиёсати созандаву бунёдкорона ва ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳангии деҳаи Хуррамзамин аз ҷониби соҳибкор  Суҳроб Таваралиев бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба замони муосир навсозӣ карда шуд.

Маркази фарҳангии деҳаи Хуррамзамин аз ду ошёна иборат буда, дорои 220 ҷои нишаст мебошад, ки дар он барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун шароити мусоиди хизматрасонӣ фароҳам аст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми фаъолонаи соҳибкори маҳаллиро дар вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва навсозии иншооти фарҳангӣ нишонаи баланди ватандӯстӣ ва ҷонибдорӣ аз сиëсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати мамлакат арзёбӣ  карданд.

Саҳн ва атрофи Маркази фарҳангии деҳаи Хуррамзамин чароғон ва сабзу хуррам карда шуда, ин ҷо ба як макони ободу зебо табдил ёфтааст.

Дар Маркази фарҳангӣ, ки дорои толори кушоду барҳавои замонавӣ аст, минбаъд барои баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ ва ҷамъомадҳо имконияти васеъ фароҳам аст.

Ба кормандони Маркази фарҳангии деҳаи Хуррамзамин аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созҳои мусиқӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти тақвияти овоз тақдим гардид.

Солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар раванди босуръату бесобиқаи корҳои ободонию созандагӣ бо бунёду навсозии иншооти наву замонавии таъиноти гуногун деҳоти ба номи Исмат Шариф ободу зебо гардида, барои сокинон шароити арзандаи кору хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст. 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520