Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон, Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Рашид Мередов

30.11.2021 10:34, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон, Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Рашид Мередов  30.11.2021

30 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон, Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Рашид Мередовро, ки бо мақсади иштирок дар Форуми “Осиёи Марказӣ - Ҷумҳурии Корея” дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо натиҷаҳои Саммити 15-уми сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар шаҳри Ашхободи Туркманистонро муҳокима карданд.

Дар оғози мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкили сатҳи баланди мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодиро таъкид карда, ба ҷониби Туркманистон барои пазироии самимӣ ва меҳмоннавозии гарм бори дигар изҳори сипос намуданд.

Зимни баррасии масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи дӯстию ҳамкорӣ зарурати татбиқи пайгиронаи мувофиқаҳои қаблан ҳосилшуда ва омодагии ҳамаҷониба ба сафари ҷавобии расмии Президенти Туркманистон муҳтарам Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон таъкид гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҳамчунин вазъи феълии муносибатҳои ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, инчунин масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалию минтақавӣ баррасӣ карда шуданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520