Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузориши муфассал аз ҷараёни сафар ба Ҷумҳурии Исломии Эрон

15.03.2009 15:00, Эрон

Аз 10-ум то 15-уми март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар мулоқоти навбатии Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО), мулоқоти сеҷонибаи Сарони давлатҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон ва шиносоӣ бо фаъолияти як қатор минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дошт.

Аллакай шоми рӯзи аввали сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Теҳрон мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон баргузор гашт.

Дар вохӯрӣ масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи се давлати дӯсту ҳамфарҳанг ва ҳамгироиҳои минтақавию байналмилалии онҳо баррасӣ шуд.

Зимни муҳокимарониҳо таъкид гардид, ки се кишвари мазкур метавонанд дар ҳаллу фасли бисёр масоили мубрами минтақавӣ нақши намоён дошта бошанд, аз ҷумла дар ҳалли мушкилоти бисёрсолаи Афғонистон.

Нақшаҳои сохтмони пулҳои нави мошингузар дар болои дарёи Панҷ, роҳҳои оҳану мошингарди пайвандкунандаи Тоҷикистону Эрону Афғонистон, пайванди ин роҳҳо бо шабакаҳои нақлиётии Қирғизистону Қазоқистон ва Чин ва бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузурги обию ҳароратӣ ва хатҳои интиқоли нерӯи баландшиддати барқи Тоҷикистон - Афғонистон - Эрон дорои аҳамияти бузург барои таъмини рушди бонизоми иҷтимоию иқтисодии кишварҳои минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ маънидод гардид.

Сарони се давлат – Эмомалӣ Раҳмон, Маҳмуди Аҳмадинажод ва Ҳомид Карзай омодагии худро баҳри пуштибонӣ аз татбиқи амалии ин лоиҳаҳои минтақавии инфрасохторӣ таъкид намуданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки баҳри назорати доимӣ ва татбиқи босамари тавофуқоти миёни се давлат бадастомада як кумитаи муштарак дар сатҳи муовинони роҳбарони вазоратҳои марбута ва як ниҳоди муштараки сармоягузорӣ таъсис дода шавад.

Масоили таҳкиму густариши ҳамкориҳои сеҷонибаи ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва ҳамгироиҳои мақомоти амниятӣ ва ҳифзи ҳуқуқи се давлат дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир низ аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки дар шаҳри Душанбе дар моҳи март ё апрели соли равон мулоқоти роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи се кишвар ба роҳ монда шавад.

Ҳамчунин мулоқотҳои мунтазами роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷии се давлат матлуб шумурда шуд.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба густариши робитаҳо дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва иттилоот, аз ҷумла доир ба ифтитоҳи телевизиони муштаркаи се кишвари ҳамфарҳанг сурат гирифт.

Баъди анҷоми мулоқоти сеҷониба Сарони се давлат – Эмомалӣ Раҳмон, Маҳмуди Аҳмадинажод ва Ҳомид Карзай як эъломияи муштарак ба имзо расонданд, ки дар он ҳамаи тадбирҳои муштараки зикршуда ва дигар ҳамгироиҳои минтақавию ҷаҳонӣ инъикос ёфтаанд.

Кори мулоқоти Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) бошад дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон - шаҳри Теҳрон субҳи рӯзи 11 март оғоз ёфт.

Дар ин ҳамоиши бузурги минтақавӣ аз 10 давлати аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) 7 - тои онро бевосита сарони давлатҳо намояндагӣ карданд. Дар мулоқот ҳамчунин сарони давлатҳои Ироқу Қатар ва ноиби Президенти Сурия, ки ба созмони ЭКО аъзо нестанд, иштирок намуданд.

Хотиррасон бояд кард, ки Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) соли 1985 аз ҷониби се давлат - Эрон, Покистон ва Туркия таъсис ёфта, аз соли 1992 ба он 7 давлати нав - Афғонистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон шомил гашта буданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ нақши ин ҳамоишро дар таҳкими мавқеи Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар минтақа, хусусан дар замони бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ муҳим арзёбӣ кард.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ибтикори Ҷумҳурии Исломии Эронро дар бораи созмон додани гурӯҳи корӣ баҳри омӯзиши таъсири бӯҳрон ва омода кардани тавсияҳои зиддибӯҳронӣ дастгирӣ намуд.

Ба гуфти Эмомалӣ Раҳмон, кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ шарикони муҳимтарини тиҷоратии Тоҷикистон мебошанд ва саҳми онҳо зиёда аз 35 дар сади ҳаҷми умумии муомилоти тиҷорати хориҷиро ташкил медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин иқдомҳои мақомоти ЭКО - ро оид ба ҳамоҳангсозии расмиёти гумрукии кишварҳои аъзои он, таъсиси Фонди мусоидат ба туризм ва ислоҳоти куллии созмон ҷонибдорӣ намуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки ислоҳоти куллии ЭКО на аз соли 2015, балки аз ҳозир оғоз карда шавад.

Зимни муҳокимаи масоили вобаста ба баланд бардоштани самарабахшии кори созмон ва ба шароити ҷаҳони зуд тағйирёбанда мутобиқ намудани он аз ҷониби сарони давлатҳо масъалаҳои ба вуҷуд овардани низоми боэътимоди нақлиётиву транзитӣ, содда гардонидани расмиёти тиҷорат, ривоҷи амалиёти бозаргонии наздисарҳадӣ, истифодаи самарабахши захираҳои обу энергетикӣ, таъсиси низоми ягонаи энергетикӣ, интиқоли озоди сармоя, нерӯи корӣ ва молу маҳсулот, инчунин ба вуҷуд овардани фазои умумии иқтисодӣ дар доираи созмон дорои аҳамияти хоса маънидод гардид.
Шоми 11 - уми март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари муаззами Ҷумҳурии Исломии Эрон Алии Хоманеӣ вохӯрӣ намуд.

Зимни сӯҳбат Эмомалӣ Раҳмон нахуст Алии Хоманеиро бо фатҳи кайҳон, ки тавассути мушаки эронӣ сурат гирифт, шодбош гуфта, ин рӯйдодро намунаи барҷастаи болоравии иқтидори кишвари Эрон ва боиси ифтихори дӯстони он дар тамоми олам маънидод кард.

Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин доир намудани ҳамоиши даҳуми ЭКО - ро низ яке аз иқдомҳои муҳим баҳри густариши ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ ва болоравии обрӯи Эрон дар минтақа арзёбӣ намуд.

Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвари дӯсту ҳамзабонро дорои захираҳои ҳанӯз истифоданашудаи зиёд номида, пешниҳод намуд, ки ҳарчи зудтар Барномаи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ барои солҳои 2009-2015 таҳия ва қабул карда шавад.

Густариши ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар дар сатҳи байнидавлатӣ ва ҳам тавассути иштироки бахши хусусии Эрон дар иқтисодиёти Тоҷикистон ва таъсиси бештари корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ мувофиқи мақсад дониста шуд.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин оид ба кам кардани мӯҳлати сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2, анҷоми пурраи нақби Истиқлол, оғози сохтмони нерӯгоҳи обии «Шӯроб» ва нерӯгоҳҳои хурди обӣ, нақби Чормағзак ва дигар лоиҳаҳои инфрасохторӣ сурат гирифт.

Истифодаи имкониятҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бобати тайёр намудани мутахассисони бахшҳои саноат, энергетика, роҳу нақбсозӣ ва технологияҳои муосир низ барои Тоҷикистон муҳим маънидод гардид.

Дар ҳошияи ҳамоиши Сарони давлатҳои аъзои ЭКО Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо чанде аз сарони давлатҳо ва дигар шахсиятҳои воломақом вохӯрӣ намуд.

Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай масоили ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон ва ҳамгироиҳои минтақавии ду кишвари ҳамсоя баррасӣ шуд.

Аз муколамаи созанда ва мунтазами сатҳи олӣ, мулоқоту сӯҳбатҳои даврӣ ва эътимоди байниҳамдигарӣ изҳори қадрдонӣ карда шуд.

Таҳкиму густариши минбаъдаи робитаҳои рушдёбандаи миёни сохторҳои амниятӣ, дифоӣ, сарҳадбонӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар, ки аллакай натиҷаҳои намоён доранд, амри зарурӣ шумурда шуд.

Робитаҳои мунтазами роҳбарияти вазоратҳои дифоъ ва корҳои дохилии ду кишвар ва ҳар чӣ зудтар ба имзо расондани қарордоди ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбӣ муфид арзёбӣ гардид.

4 баробар афзудани ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон дар соли 2008 нисбат ба соли пешин зикр шуд ва таъкид гардид, ки нақши шоҳпули «Дӯстӣ» дар мавзеи Панҷи поён дар ин раванд муҳим аст.

Сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай оид ба нақшаҳои сохтмони пули нави мошингузар дар мавзеи Кокул болои дарёи Панҷ, роҳҳои мошингарди Кобул – Панҷшер – Ишкошим ва Қундуз – Мазори Шариф – Ҳирот, роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Эрон ва пайванди он бо Қирғизистону Чин, хатҳои интиқоли нерӯи баландшиддати барқи Тоҷикистон – Пули Хумрӣ, Роғун – Кобул – Исломобод, Роғун – Мазори Шариф – Ҳирот – Машҳад, Хатлон – Толиқон – Файзобод, бунёди нерӯгоҳи обии Даштиҷум ва дигар тадбирҳо гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва иттилоот низ дорои дурнамои умедбахш маънидод гардид.

Дар вохӯрии Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ такони нав додани муносибатҳои ду давлат зарур шумурда шуд.

Таъкид гардид, ки ҳарду ҷониб бояд аз имкону захираҳои фаровони ҳамкорӣ ба хубӣ истифода баранд, аз ҷумла баҳри бунёди нерӯгоҳҳои обӣ ва хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ миёни ду кишвар.

Ифтитоҳи роҳу пулҳои нав миёни Тоҷикистону Афғонистон бо пайвандӣ ба Покистон ва кушода шудани минтақаҳои озоди иқтисодии Панҷ ва Ишкошими Тоҷикистон низ мавриди таваҷҷӯҳ барои густариши робитаҳои иқтисодӣ қарор гирифт.

Эҳё намудани робитаи мустақими ҳавоӣ миёни ду кишвар ва рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, истихроҷи маъданҳо, фарҳанг ва туризм зарур шумурда шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷоннок гаштани фаъолияти Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сафари Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ба Тоҷикистон метавонанд таконбахши муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвари дӯст гарданд.

Мубодилаи судманди афкор ҳамчунин атрофи авзои сиёсию иҷтимоии Афғонистону Покистон ва муборизаи муштарак бо хатари терроризму экстремизм сурат гирифт.

Дар ҷамъбасти ҳамоиши 10-уми сарони давлатҳои аъзои созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) дар шаҳри Теҳрон аз ҷониби роҳбарони аввали ҳайатҳои олимақом ба 8 нафар аз ходимони барҷастаи илму фарҳанги кишварҳои аъзои ин созмон барои анҷом додани корҳои пурарзиши илмию кашфиётӣ ҷоизаҳои махсус супурда шуд.

Ҷоизаи махсус барои саҳми намоён дар соҳаи иқтисод ба намояндаи Тоҷикистон - собиқ Вазири корҳои хориҷии кишвар академик Талбак Назаров тақдим гардид.

Зимни ҳамин сафар Ҷоизаи байналмилалӣ дар соҳаи адабиёти тоҷик, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба адиб ва олими маъруфи Ҷумҳурии Исломии Эрон - шодравон Саид Нафисӣ барои пажӯҳишҳои бунёдӣ дар Рӯдакишиносии ҷаҳон таъин гашта буд, ба ворисону хешовандони ӯ тақдим карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Синҷони остони (вилояти) Кирмони Ҷумҳурии Исломии Эрон аз як минтақаи озоди иқтисодӣ, ки дар масоҳати 1400 гектар доман паҳн намудааст, боздид кард.

Ҳадафи асосӣ аз ин боздид омӯзиши таҷрибаи фарохи дӯстони эронӣ дар бунёд ва роҳандозии фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ баҳри истифодаи минбаъдаи он дар чунин минтақаҳои Тоҷикистон аст.

Хотиррасон бояд кард, айни ҳол дар Тоҷикистон баҳри ташкили 2 минтақаи озоди иқтисодӣ қарори Ҳукумати мамлакат қабул шудааст ва ба наздикӣ боз ду минтақаи озоди дигар бояд ташкил дода шаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Синҷони вилояти Кирмони Ҷумҳурии Исломии Эрон бо шарту шароит ва самарабахшии фаъолияти 5 корхонаи саноатӣ ва боғҳои пистаи машҳури эронӣ аз наздик шинос шуд.

Дар корхонаи Фрико, ки бо техникаю технологияи муосир равғани ғизоии растанӣ истеҳсол мекунад, қарор карда шуд, ки як то корхонаи муштараки равғанкашӣ дар Тоҷикистон бо ҳамдастии ҳамин ширкат бунёд ёбад.

Корхонаи равғанкашии Фрико дорои 600 нафар коргар буда, дар як сол то 240 ҳазор тонна равған истеҳсол мекардааст.

Дар ҳамин минтақа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз корхонаҳои истеҳсоли қанду шакар, пойпӯш, коркарди санги мармар ва бастабандии писта дидан кард.

Ҳамагӣ дар ин минтақа 2700 нафар бо кори пурмаҳсул машғул мебошанд.

Омӯзиши таҷрибаи кишоварзони эронӣ дар бунёд ва парвариши боғҳои писта низ басо муҳим арзёбӣ гардид, зеро бунёди чунин боғҳо дар минтақаҳои ҷануби Тоҷикистон низ оғоз ёфтааст.

Иқлими ин минтақаи Тоҷикистон барои чунин боғҳо мутобиқ аст, зеро чунонки зикр гардид, барои нашъунамо ва бороварии хуби писта ҳаво дар зимистон бояд хунук ва дар тобистон хеле гарм бошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як гурӯҳ корхонаҳои саноатӣ ва ширкатҳои тиҷоратию туристии минтақаи озоди Киши Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки худ як ҷазираи хурдакак дар Халиҷи Форс аст, боздид кард.

Боздид аз идораи маъмурии марказ, ки Созмони минтақаи озоди Киш номида мешавад, оғоз ёфт.

Зимни сӯҳбату шиносоӣ бо шароити фаъолияти ин минтақаи озоди иқтисодӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки дарозию паҳноии ҷазираи Киш 15,5 ва наздики 8 километр аст ва он асосан минтақаи туризму фароғат мебошад.

Минтақаи озоди Киш дорои терминалу шабакаҳои муосири нақлиёти баҳрӣ, заминӣ ва ҳавоӣ мебошад.

Ширкатҳои дохилию хориҷии сармоягузор бо имтиёзу сабукиҳои зиёд ташвиқу дастгирӣ меёбанд. Аз ҷумла корхонаҳои истеҳсолӣ дар 5 соли аввали фаъолият аз супурдани тамоми андозҳо озоданд.

Барои беҳ намудани инфрасохтори зарурии истеҳсолӣ, тиҷорӣ, хизматрасонӣ ва ғайра солҳои охир ҳамасола ба ин минтақа ҳудуди 500 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ карда мешавад.

Дар ин минтақа умуман аз маблағҳои буҷети давлатӣ истифода намешавад. Он куллан аз ҳисоби сармоягузорони дохилию хориҷӣ фаъолият мекунад.

Айни ҳол дар ҷазираи Киш 5 шаҳраки саноатӣ, намояндагиҳо ва ё шуъбаҳои 6 ҳазор ширкат ва 72 бонк пурсамар фаъолият доранд. 46 меҳмонхонаи ҳозиразамон бо 10 ҳазор тахти хоб кор мекунанд ва 16 - тои дигар дар ҳоли сохтмон қарор доранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбатҳо бо роҳбарону масъулони минтақаи озоди Киш ва корхонаю ширкатҳои воқеъ дар ин ҷазира ба қарор омаданд, ки дар роҳандозии минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, рушди равобити туристӣ, хусусан туризми кӯҳию осоишгоҳӣ ва омодасозии кадрҳои ин соҳаҳо ҳамкориҳои васеъ ба роҳ монанд.

Зимни сӯҳбатҳо бо хушнудӣ зикр гардид, ки айни ҳол зиёда аз 3000 донишҷӯи эронӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистон таҳсили илм мекунанд ва ин нишона аз сатҳи баланди илмомӯзӣ дар муассисаҳои илмию таълимии кишвари мо, пеш аз ҳама дар муассисаҳои тиббӣ арзёбӣ гардид.

Ба гуфти Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст чанд сол пеш дар Тоҷикистон ҳамагӣ 37 нафар донишҷӯёни эронӣ таҳсили илм мекарданд.

Ҳарду ҷониб вуҷуди имкону захираҳои васеи густариши равобитро таъкид намуда, баҳри ташкил ва густариши ҳамкории мутақобилан судманд ҳавасмандии зиёд изҳор доштанд.

Субҳи рӯзи 15 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар Форуми 5 –уми умумиҷаҳонии об аз ҷазираи Киши Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Туркия сафар кард.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520