Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Раиси Халк Маслахати Милли Генгеши Туркманистон Гурбангулӣ Бердимухамедов

29.06.2022 15:50, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Халк Маслахати Милли Генгеши Туркманистон Гурбангулӣ Бердимухамедов суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Пешвои миллат Гурбангулӣ Бердимухамедовро ба муносибати солгарди ҷашнии зодрӯз – 65-солагиашон самимона табрик гуфта, ба ӯ сиҳатмандиву саодат ва дар фаъолияти минбаъдаи давлатиашон комёбиҳо орзу намуданд.

Зимни суҳбат масъалаҳои вобаста ба муносибатҳои дӯстӣ, ҳамкориҳои судманд ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон баррасӣ гардида, ояндаи рушди босамари онҳо мутобиқ ба манфиатҳои аслии ду мардуми бародар мавриди таъкид қарор гирифт.

Сарвари давлати Тоҷикистон, бо ишора ба фарогир будани ин раванд, ба саҳми арзандаи Гурбангулӣ Бердимухамедов дар таҳкими равобити гуногунҷанбаи ду кишвар баҳои баланд доданд.

Дар ин замина, идомаи муколамаи доимии Тоҷикистону Туркманистон дар сатҳҳои гуногун ҳамзамон андешидани чораҳои муштарак ба мақсади тавсеаи пайвастаи робитаҳои ҳамаҷонибаи ду кишвар гарави муваффақият дар ин ҷода дониста шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520