Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузориши муфассал аз сафари расмӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Литва

13.02.2009 15:50, Литва

Cафарҳои давлатию расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои назди Балтика ва Аврупо аз субҳи рӯзи 12 – уми феврал дар Ҷумҳурии Литва идома ёфт.

Маросими истиқболи расмӣ дар назди Кохи Президенти Ҷумҳурии Литва баргузор гашт.

Сарвари давлати Точикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Литва Валдас Адамкус истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихори даъват намуд.

Маросими истиқбол тибқи муқаррароти сафарҳои расмӣ бо сафкашии горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду давлат ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмӣ ҷараён гирифт.

Ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Литва зимни сӯҳбати хоссаи сарони ду давлат ва гуфтушунидҳои хайатҳои расмии ду кишвар баррасӣ шуд.

Болоравии мубодилаи молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Литва, ки соли гузашта ҳаҷми он зиёда аз 110 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст, нишона аз имконоти фаровони густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ маънидод гардид.

Таъсиси комиссияи байниҳукуматии ҳамкорӣ мувофиқи мақсад дониста шуд.

Рушди ҳамкорӣ дар соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта ва меваю сабзавот, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, мебел, техникаи рӯзгор, чарм, пойафзол, азхуднамоии канданиҳои фоиданок ва захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, густариши робитаҳои нақлиётию транзитӣ аз самтҳои асосии ҳамкорӣ номида шуд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки Тоҷикистон барои транзити молу маҳсулоти худ ба Аврупо аз бандарҳои Литва ва Литва низ дар навбати худ аз роҳхои транзитии Тоҷикистон ба Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ истифода намоянд.

Густариши робитаҳои илмиву фарҳангӣ низ зарур шумурда шуд.

Мақомоти дахлдори ду кишвар вазифадор шуданд, ки барои муқаррар намудани робитаҳои мустақим миёни субъектҳои хоҷагидорва соҳибкорон, олимон, ҳунармандон, варзишгарон ва аҳли адабу ҳунар мусоидат намоянд.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин атрофи масоили минтақа ва ҷаҳон ва ҳамгироиҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ сурат гирифт.

Муттаҳидсозии кӯшишҳо баҳри барқарор намудани сулҳу субот дар Афғонистон амри зарурӣ шумурда шуд.

Аз рӯйи натиҷаи мулоқотҳо миёни Тоҷикистону Литва Эъломия дар бораи густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ ва як созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузорӣ ба имзо расид.

Сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Валдас Адамкус барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, аз самараи мулоқотҳои расмӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Раиси Сейми (Парлумони) Литва Арунас Валинскас мулоқот намуда, оид ба таҳкиму густариши робитаҳои анъанавии дӯстона ва судманди ду кишвар гуфтугӯ анҷом дод.

Худи ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар форуми соҳибкорону тоҷирони ду кишвар иштирок намуда, хамчунин аз гузаргоҳи сарҳадии Лаворишкес дидан кард ва бо тарзу усули ташкили кор ва истифода аз техникаю таҷҳизоти назоратию ташхисии он аз наздик шинос шуд.

Дар шаҳри Вилнюс Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар назди Муҷассамаи шаҳидони роҳи озодии Литва гулчанбар гузошт ва ба аришҳою муқаддасоти миллии он арзи эҳтиром намуд.

Субҳи рӯзи 13 – уми феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Каунаси Ҷумҳурии Литва омада, аз нерӯгоҳи обии (гидроаккумулятивии) Круонис дидан кард, ки дар он технологияи аз нерӯгоҳҳои Тоҷикистон фарқкунанда истифода мешавад.

Ин нерӯгоҳ дар болои дарёи Неман бунёд ёфта, соли 1997 пурра ба истифода дода шудааст.

Нерӯгоҳ бо 4 турбина дорои иқтидори истеҳсолии 900 мегават нерӯи барқ аст.

Кори нерӯгоҳ бо оби ду обанбор, ки яке дигареро бо обкашҳои барқӣ пур мекунад, таъмин мегардад. Самаранокии асосии нерӯгоҳ дар он аст, ки ин ҷо як об такрор ба такрор барои истеҳсоли нерӯи барқ истифода мешавад. Дар ин ҷо об аз баҳр ба обанбор бо истгоҳҳои барқии обкаш партофта шуда, дар вақти зарурӣ ба турбинаҳо меравад.

Дар шаҳри Каунас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз корхонаи машҳури Элинта дидан кард.

Ин корхона соли 1991 бунёд ёфта, самти асосии фаъолияташ автоматикунонии раванди саноат, истеҳсолу фурӯши дастгоҳҳои андозагирию ташхис аст.

Қарор карда шуд, ки корхона бо сохторҳои энергетикии Тоҷикистон баҳри ҷорӣ намудани технологияи муосири кам кардани талафоти нерӯи барқ ҳамкорӣ кунад, зеро дар ин ҷо дастгоҳҳои муосири ташхиси нуқсонҳо дар ноқилҳои барқӣ истеҳсол карда мешавад.

Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри анҷом додани сафари корӣ ба Ҷумҳурии Эстония рафт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520