Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузориши муфассал аз сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Латвия

10.02.2009 09:00, Латвия

Сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Латвия, ки мақоми давлатӣ дошт, субҳи рӯзи 9- уми феврал бо маросими истиқбол дар назди қасри Президенти Ҷумҳурии Латвия - Кохи Рига оғоз ёфт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.

Маросими истиқболи расмӣ бо саф кашидани горди ифтихории Латвия, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар ва шиносоӣ боҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб ҷараён гирифт.

Маросими мазкур мустақиман аз тариқи шабакаи якуми телевизиони давлатии Латвия пахш гардид.

Масоили ҷорӣ ва рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Латвия нахуст дар мулоқоти хоссаи сарони ду давлатва сипасдар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмӣ баррасӣ шуд.

Ба барқарорсозии робитаҳои анъанавии миёни Тоҷикистону Латвия, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ мавҷуд буд ва ташкилу густариши ҳамкориҳо дар самтҳои коркарди нахи пахта, пӯст, пашм, меваю сабзавот, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданоки табиӣ, азхуднамоии захираҳои обию энергетикӣ, рушди нақлиёту коммуникатсия ва туризм изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Аз рӯи натиҷаи мулоқотҳо миёни Тоҷикистону Латвия якчанд санади бунёдии ҳамкорӣ ба имзо расид.

Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Латвия;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба алоқаи ҳавоӣ;

Протоколи оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Латвия;

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонва Президенти ҶумҳурииЛатвия Валдис Затлерс нишасти матбуотӣ ороста, ба натиҷаҳои гуфтушунид баҳои баланд доданд.

Таъкид гардид, ки бо ин сафар ва ба имзо расидани санадҳои бунёдии ҳамкорӣ заминаи боэътимоди сиёсию ҳуқуқӣ барои таҳким ва густариши муносибатҳои ба ҳарду кишвар судбахш гузошта шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Рига ба зери пояи Муҷассамаи Озодии Ҷумҳурии Латвия гулчанбар гузошта, ба муқаддасоти миллию фарҳангӣ ва таърихии мардуми ин кишвари дӯст эҳтиром ба ҷо овард.

Дар ин маросим Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс ҳамроҳӣ намуд.

Масоили ташкил ва густариши робитаҳои байнипарлумонӣ ва таҳкими асоси ҳуқуқии ҳамкориҳои ду кишвар дар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Парлумони Латвия Гундарс Даудзе баррасӣ шуд.

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс бори дигар зимни форуми соҳибкорони ду кишвар баргузор гашт, ки басо манфиатбахш ва босамар буд.

Аз рӯйи натиҷаҳои он чанд мувофиқаҳои муҳим миёни соҳибкорони ду кишвар ба дастомад, ки албатта мавриди дасгирии сиёсию ҳуқуқии ду ҷониб қарор мегиранд.

Дар ҳамин ҷо Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Латвия ба имзо расид.

Оид ба тафсилоти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Сарвазири Латвия Иварс Годманис гуфтугӯйи судманд анҷом дод.

Бегоҳии рӯз Президенти Ҷумҳурии Латвия Валдис Затлерс ба гиромидошти сафари нахустини Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кишвараш зиёфати бошукӯҳи давлатӣ орост.

Шоми рӯзи 9 - уми феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри анҷом додани сафари расмӣ ва мулоқотҳо бо роҳбарияти олии созмонҳои аврупоӣ ва Паймони Атлантикаи Шимолӣ ба шаҳри Брюсел – пойтахти Мамлакати Белгия сафар кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520