Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз Роҳбари нави намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Норбер Жустен

24.11.2008 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Роҳбари нави намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Норбер Жустен эътимоднома қабул намуд.

Дар сӯҳбати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Норбер Жустен, ки баъди супурдани эътимоднома сурат гирифт, масоили ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз густариши намоёни робитаҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои он, дар маҷмӯъ, изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид бар он дошт, ки имкону захираҳои истифоданашудаи рушди ҳамкориҳо ҳанӯз хеле зиёданд.

«Иттиҳоди Аврупо шарики пешсафи Тоҷикистон дар таҳия ва татбиқи барномаю лоиҳаҳои гуногун барои дастгирии соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аст», - изҳор дошт Норбер Жустен ва афзуд, ки баҳри дастгирии сарҳадбонони тоҷик ва мусоидат ба таҳкими амнияту субот дар минтақа низ ҳамкориҳо рӯ ба густариш доранд.

Мусоҳибон оид ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки ҳамкориҳо, ки пагоҳ дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз мекунад, гуфтугӯ намуда, аз пайвастагии маҷлисҳои он изҳори қаноатмандӣ карданд.

Мубодилаи судманди афкор ҳамчунин оид ба роҳҳои таҳкиму густариши робитаҳои минбаъда ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520