Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ифтитоҳи Форуми 3-юми байнипарлумонии «Тоҷикистон-Россия: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ»

24.10.2008 19:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ифтитоҳи Форуми 3-юми байнипарлумонии «Тоҷикистон-Россия: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ» иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар форуми мазкур шумораи зиёди сиёсатмадорон намояндагони палатаҳои болоӣ ва поини парлумонҳои ду кишвар, маъмуриятҳои минтақавӣ ва доираи васеъи соҳибкорони Тоҷикистону Россия иштирок намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳ ва мазмуни муносибатҳои имрӯзаи ду кишвар, ки дар соҳаи иқтисод ва савдо рушди бонизом касб намудаанд, изҳори қаноатмандӣ кард.

Таъкид гардид, ки ҳаҷми мубодилоти мол байни Тоҷикистону Россия дар 5 соли охир се баробар афзуд ва имрӯз сарчашмаи 60 дар сади тамоми инвеститисияҳои хориҷииТоҷикистон аз Россия аст.

Аз густариши робитаҳои байни минтақаҳои ду кишвар низ қаноатмандӣ зоҳир карда шуд, зеро ба гуфти Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистон бо наздики 80 минтақаи Россия робитаҳои судбахши мустақим дорад.

Ҳамзамон бо ин Сарвари давлати Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки имконоти аз истифодаи тарафҳо дурмондаи ҳамкории иқтисодӣ ҳанӯз хеле зиёданд «пеш аз ҳама дар азхудкунии захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ, истихроҷ ва коркарди нафту газ ва уран».

Ба гуфти ӯ бисёр лоиҳаҳои калонҳаҷму пурманфиат мунтазири сармоягузорони хориҷӣ аст ва иштироки сармояи Россия дар онҳо дорои манфиати зиёд барои ҳарду кишвар ва минтақа хоҳад буд.

Дар ифтитоҳи форум ҳамчунин Раиси Шӯрои федеролии Федератсияи Россия Сергей Миронов низ суханронӣ карда, устувории мавқеи сиёсии кишвари худро баҳри рушди ҳамкориҳои гуногунсоҳа ва пеш аз ҳама ҳамкориҳои иқтисодӣ таъкид намуд.

Сергей Миронов густариши ҳамкориро бо Тоҷикистон дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ, истихроҷ ва коркарди нафту газ ва уран аз самтҳои афзалиятнок маънидод кард.

Аз ҷониби ӯ ба нақши Тоҷикистон дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва муттаҳидсозии имконоти муштарак дар доираи ИДМ ва дигар созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ баҳои баланд дода шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520