Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

22.10.2008 17:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки масъулини Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзода оид ба масъалаҳои кишоварзӣ машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат ҳисоботи Муовини Сарвазири мамлакат Муродалӣ Алимардон ва Вазири кишоварзӣ, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Рӯдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзода оид ба рафти ҷамъоварии ҳосили пахта, кишти тирамоҳӣ, омодагӣ ба зимистон, истифодаи ғайримақсадноки заминҳо ва маблағҳои ба ассотсиатсияҳои обрасон ҷудогашта, омода ва захира кардани тухмии зироатҳо, таъмини бозори истеъмолӣ бо меваю сабзавот ва дигар маводи ғизоии истеҳсоли худӣ, омодагӣ ба кишти такрорӣ ва ҷорӣ намудани механизми нави маблағгузории бахши пахтакорӣ шунида шуд.

Зикр гардид, ки имсол дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои судбахши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи пурсамари ҳар як ваҷаб замини корам ҳосили фаровони тамоми маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладона, меваю сабзавот, картошка ва пахта рӯёнда шудааст.

Тибқи ҳисоботҳо имсол дар ҷумҳурӣ дар майдони беш аз 237 ҳазор гектар пахта кишт шудааст ва пахтакорон умед доранд, ки дар маҷмӯъ 410 ҳазор тонна ҳосил ба даст оранд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки хоҷагиҳои пахтакор тадриҷан аз қарзҳои сармоягузорону бонкҳо раҳо ёфта, рӯ ба худмаблағгузорӣ оварда истодаанд. Ин тамоюл бештар дар ноҳияҳои Ваҳдат, Рӯдакӣ, Ҳисор ва Шаҳринав ба назар мерасад, таъкид гардид, дар ҳисоботҳо.

Дар воқеъ имрӯз натиҷаи татбиқи босамари муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи пурсамари заминҳои корам ва фаровон гардондани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ дар аксари хоҷагиҳои кишоварзии мамлакат ва бозорҳо баръало ба назар мерасад. Хусусан ҳосили фаровони меваю сабзавот, пеш аз ҳама себ, нок, хурмо ва картошка мушоҳида мегардад. Агарчи зимистони гузашта дар бисёр минтақаҳо ниҳолҳои анорро сард зад, вале ба боғдорони хоҷагиҳои шаҳри Норак ва баъзе минтақаҳои дигар рӯёндани ҳосили фаровони ин меваи гаронбаҳо муяссар гаштааст.

Ҳосили фаровони картошка дар ҳамаи ноҳияҳои водии Рашт ва ноҳияҳои Ғончӣ ва Мастчоҳи кӯҳии вилояти Суғд рӯёнда шудааст. Танҳо картошкапарварони вилояти Суғд имсол 200 ҳазор тонна ҳосил ба даст оварданианд, таъкид гардид дар ҳисоботи раиси вилоят.

Бо вуҷуди ҳамаи пешравиҳо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон суръати ҷамъоварии ҳосили фаровони пахтаро ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуда, баҳри тезондани он ва истифодаи пурсамар аз обу ҳавои мусоиди имрӯза ба масъулин супоришҳои қатъӣ дод.

Аз ҷумла дастур дода шуд, ки ҳосили пахтаи рӯёндаи деҳқон бо нархҳои одилона харидорӣ карда шавад, то ки ҳавасмандии онҳо дар ин кор зиёд гардад.

Дар робита ба вусъати кишти тирамоҳӣ бошад, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар 170 ҳазор гектар заминҳои обӣ ғаллаи тирамоҳӣ кишт карда шавад. «Кишти сабзавоти барвақтӣ барои таъминоти бозор дар фасли баҳор ва аввали тобистони соли оянда низ аз ҳозир бояд вусъат дода шавад», таъкид намуд Сарвари давлат. Ҳамчунин дастур дода шуд, ки барои кишти такрорӣ дар соли оянда бояд 160 ҳазор гектар замини обӣ омода карда шавад.

«Ҳамаи ин, пеш аз ҳама, ба хотири таъмини амнияти озуқавории кишвар ва фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ аст», - изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва таъкид намуд, ки танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем аз таъсири манфии бӯҳрони молиявию иқтисодӣ дар бозори ҷаҳонӣ худро эмин нигаҳ дорем.

Оид ба омода ва захира намудани тухмии хушсифати ғалладона, пахта, картошка ва дигар зироатҳо ва ҳамчунин нуриҳои минералӣ низ ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд. Таъкид гардид, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо бояд мағозаҳои фурӯши тухмиҳои хушсифат ва нуриҳои минералӣ кушода шаванд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз истифодаи ғайримақсадноки заминҳо, маблағҳои ба ассотсиатсияҳои обрасон ҷудогашта ва изофанависӣ дар иҷрои нақшаи пила изҳори нигаронӣ карда, оид ба ислоҳи камбудиҳои мавҷуда дар ин самтҳо дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.
Дар мавриди омодагӣ ба зимистон иттилоъ дода шуд, ки таъминоти муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо ангишт ва дигар маводи сӯхт ва кушодани нуқтаҳои фурӯши ангишт ва гази моеъ дар ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мазкур ба таври қаноатбахш ба роҳ монда шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҳамчунин оид ба рушди парандапарварӣ, ниҳолпарварӣ, боғутокпарварӣ, парвариши занбӯри асал ва вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ супоришҳои қатъӣ дода, таъкид намуд, ки оид ба рафти иҷрои ҳамаи вазифаҳои гузошташуда 1-уму 20 ноябр ва 1 декабри соли равон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботҳои мушаххасу густурда пешниҳод намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520