Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатипов

21.10.2008 12:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатиповро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба рафти татбиқи санадҳои қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ, ки байни Тоҷикистону Россия баста шудаанд, аз ҷумла тавофуқоти зимни сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев ба шаҳри Душанбе моҳи августи соли равон ҳосилшуда баррасӣ гардид.

Мусоҳибон аз рафти сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1 ва ҳамгироиҳои сохторҳои қудратию ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид бар он доштанд, ки татбиқи санадҳои дигари ҳамкорӣ, аз ҷумла доир ба азхудкунии захираҳои обию энергетикӣ ва нафту гази Тоҷикистон бояд тезонда шавад.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, илму маориф, фарҳанг ва омодагӣ ба Форуми байнипарлумонии «Тоҷикистону Россия: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ», ки рӯзҳои 24 ва 25 - уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, гуфтугӯ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520