Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои аъзои ИДМ сарони давлатҳои Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Россия, Туркманистон, Узбекистон ва намояндагони воломақоми Озарбойҷону Украина иштирок намуданд.
Дар ин ҳамоиш 19 масъала баррасӣ шуд, ки муҳимтарини онҳо Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои давраи то соли 2020 аст.
Татбиқи Консепсияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки соли гузашта дар шаҳри Душанбе қабул шуда буд, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, муҳоҷирати меҳнатӣ, робитаҳои байниминтақавӣ ва наздисарҳадӣ, амнияти иттилоотӣ, мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, робитаҳои илмию фарҳангӣ ва омодагӣ ба ҷашни 65-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 низ аз мавзӯъҳои муҳими ин ҳамоиш буд.
Ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика мавзӯъи асосии муносибатҳои кишварҳои аъзои ИДМ дар соли 2009 эълон гардид.
Соли 2009 ҳамчунин Соли ҷавонон ва соли 2010 Соли илм ва инноватсия эълон карда шуд.