Дар вохӯрӣ бо Президенти Латвия Валдис Затлер масоили барқарорсозии робитаҳои анъанавии иқтисодию тиҷоратӣ, илмию фарҳангӣ ва густариши ҳамкориҳои барои ҳарду кишвар судманд баррасӣ шуд.
Зимни сӯҳбат зарурати ба роҳ мондани робитаҳои сиёсии сатҳи олӣ ва муҳайё намудани заминаи қарордодию ҳуқуқӣ баҳри густариш додани ҳамкориҳои гуногунсоҳа таъкид гардид.
Соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, гидроэнергетика, саноати хӯрокворӣ ва кимиёвӣ, коммуникатсия ва туризм аз самтҳои манфиатбахши ҳамкорӣ маънидод гаштанд.
Зимни гуфтугӯйи пурмӯҳтаво мусоҳибон омодагӣ ва ҳавасмандии худро баҳри таҳкиму густариш додани робитаҳои барои ҳарду ҷониб судбахш таъкид намуданд.