Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири нафту гази Ҷумҳурии Ҳиндустон Мурли Деора

29.08.2008 10:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири нафту гази Ҷумҳурии Ҳиндустон Мурли Деораро, ки бо ҳадафи иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Душанбе ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ҳиндустон баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳо бо Ҳиндустонро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон арзёбӣ карда, аз болоравии ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот ва ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуд.

Ҷудо гаштани грант баҳри таҷдиди нерӯгоҳи обии Варзоб, сохтмони як меҳмонхонаи ҳозиразамон дар шаҳри Душанбе аз ҷониби ширкати ҳиндии СИ-ЭЙЧ-ЭЛ ва дигар тадбирҳои пурарзиш нишона аз ҳусни нияти роҳбарияти Ҳиндустон ба рушди ҳамкориҳои босамар бо Тоҷикистон маънидод гашт.

Мусоҳибон ҳамчунин оид ба робитаҳо дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар ташкилоти минтақавию байналмилалӣ гуфтугӯ анҷом доданд.

Зимни сӯҳбати пурмӯҳтаво ҷонибҳо омодагии худро баҳри таҳкиму густариши ҳамкориҳои минбаъда таъкид намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520