Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ Ҷин Лисун

17.05.2023 16:32, Чин
Мулоқот бо Президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ Ҷин Лисун  17.05.2023

17 май дар шаҳри Пекин дар доираи сафари давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ Ҷин Лисун мулоқот карданд.

Дар рафти вохӯрӣ масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон ва ин ташкилоти байналмилалии молиявӣ баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохториро шарики боэътимоди Тоҷикистон номида, изҳори итминон карданд, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯза ба раванди густариш ва тавсеаи ҳамкориҳои мо такони нав хоҳанд бахшид.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба таҳқими ҳамкорӣ дар самти маблағгузории минбаъдаи рушди “инфрасохтори сабз” дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва шаҳрдорӣ табодули андеша карданд.

Таҳкими робитаҳо, ҷалби ҳарчи бештари сармоя ба лоиҳаҳои афзалиятнок ҷиҳати рушди соҳаҳои инфрасохтор, саноат, бахши хусусӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ ва дастгирии соҳибкорӣ зарур шумурда шуд.

Аз ҷумла, ҳангоми мулоқот Президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ Ҷин Лисун оид ба ҷудо намудани маблағҳои имтиёзнок дар ҳаҷми 500 миллион доллари ИМА барои татбиқи лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун изҳор намуд.

Инчунин, ҷонибҳо масъалаҳои маблағгузории лоиҳаҳои коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзию канданиҳои фоиданокро аз бахшҳои дигари ҳамкорӣ номида, ҳамзамон таъкид намуданд, ки дар Тоҷикистон барои амалисозии онҳо тамоми имкону захираҳо мавҷуд аст.

Дар рафти мулоқот ҳамчунин оид ба вазъи глобалии тағйирёбии иқлим, норасоии оби ошомиданӣ, таъсири ин омилҳо ба иқтисоди кишварҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520