Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбангули Бердимухамедов

04.08.2023 11:43, Туркманистон
Мулоқот бо Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбангули Бердимухамедов 04.08.2023

4 августи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кориаш ба Туркманистон бо Пешвои миллии халқи Туркманистон, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбангули Бердимухамедов мулоқот анҷом доданд.

 Дар рафти вохурӣ Тарафҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои  дӯстии Тоҷикистон ва Туркманистонро  баррасӣ карда, ба таъмиқи шарикии стратегӣ ва рушди минбаъдаи ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои ду кишвар таваҷҷуҳи лозима зоҳир намуданд. Аз ҷумла, зарурати тақвияту тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву башарӣ мавриди таъкид қарор гирифт.

Ҳамзамон, оид ба ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Туркманистон дар доираи сохторҳои бисёрҷонибаи байналмилалӣ, ба монанди Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Бунёди байналмилалии наҷоти Арал ва дигар созмонҳо табодули назар анҷом ёфт. Дар ин зимн ҷиҳати идомаи ин раванд ва анъанаҳои неки дастгирии мутақобила аз ташаббусҳои байналмилалии ду кишвар омодагӣ изҳор гардид.

Вохурӣ дар фазои гарму дӯстӣ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520