Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори генералии ширкати “Войт Ҳайдро” Герхард Сейрлинг

09.08.2023 19:14, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо Директори генералии ширкати “Войт Ҳайдро” Герхард Сейрлинг  09.08.2023

9 август дар шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии ширкати “Войт Ҳайдро” Герхард Сейрлингро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати “Войт Ҳайдро” оид ба иҷрои уҳдадориҳои дуҷониба дар таъмини иншооти гидроэнергетикии Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо таҷҳизоти гидромеханикӣ ва электромеханикӣ муҳокима гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рафти корҳои сохтмонӣ дар Лоти 1-и неругоҳ, ки зимни сафари корӣ мушоҳида карданд, андешаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки бояд тамоми корҳо тибқи реҷаи мувофиқагардида саривақт ва босифат иҷро гарданд.

Дар ҷараёни мулоқот роҳбарияти ширкати “Войт Ҳайдро” ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи иҷрои уҳдадориҳо маълумот доданд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки намояндагони ширкат барои татбиқи нақшаҳо тадбирҳои зарурӣ ва саривақтиро амалӣ менамоянд.

Дар мулоқот инчунин Сарвазири мамлакат, вазири молия, директори генералии НБО Роғун, директори мудирияти истифодабарии неругоҳи Роғун ва директори ширкати “Тоҷикгидроэлектромонтаж” иштирок намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520