Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Котиби давлатии парлумонӣ дар Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон Нилс Аннен

14.08.2023 11:40, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо Котиби давлатии парлумонӣ дар Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон Нилс Аннен  14.08.2023

14 августи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Котиби давлатии парлумонӣ дар Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон Нилс Анненро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмонро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ин зимн Пешвои миллат таъкид карданд, ки Тоҷикистон ва Олмон дар бахшҳои мухталифи тиҷоратию иқтисодӣ ва иҷтимоиву гуманитарӣ  имкониятҳои васеи рушди робитаҳои судмандро доранд.

Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки ҷониби Тоҷикистон алоқаманди тақвияти минбаъдаи муносиботи созандаи миёни ду кишвар буда, соҳаҳои энергетика, бахусус гидроэнергетика чун манбаи рушди “энергияи сабз”, илму маориф ва технологияҳо, масъалаҳои тағйирёбии иқлимро ҳамчун самтҳои ояндадори ҳамкориҳои ҳарду ҷониб медонад.

Дар ҷараёни суҳбат ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба баргузории нишасти сарони давлатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон муҳокима гардиданд.

Изҳори умед карда шуд, ки натиҷаҳои ин чорабинӣ ба густариши  робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангиву башарии кишварҳои минтақаи мо ва Олмон  мусоидат хоҳад намуд.

Ҷонибҳо атрофи мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520