Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муаррифии лоиҳаи бинои нави Беморхонаи марказӣ ва Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Дарвоз

15.08.2023 09:16, ноҳияи Дарвоз
Муаррифии лоиҳаи бинои нави Беморхонаи марказӣ ва Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Дарвоз  15.08.2023

15 август дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди бинои нави беморхонаи марказии ноҳия шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар доираи тадбирҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд бунёд карда мешавад.

Зимни муаррифии лоиҳа ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бинои нави беморхонаи марказии ноҳияи Дарвоз 3-ошёна буда, аз 100 кати хоб иборат мебошад.

Бинои нави беморхона дар заминаи бинои ҳозираи беморхонаи марказии ноҳия, ки ба талаботи замон ҷавобгӯ нест, бунёд мегардад.

Пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ бинои нав бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз карда мешавад. Сохтмони бинои нави беморхонаи марказии ноҳияи Дарвоз дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат барои сокинон ба шумор меравад.

Айни ҳол беморхонаи марказии ноҳияи Дарвоз дорои панҷ шуъба буда, ба 22 ҳазору 700 нафар аҳолии ноҳия хизмати тиббӣ мерасонад. Ҳоло дар ноҳия 28 бунгоҳи тиббӣ, 7 маркази саломатӣ ва 2 беморхонаи минтақавӣ бо 50 кати хоб фаъолият дорад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар фурсати муайяншуда ва ба меъёрҳои муосир ҷавобгӯ сохтани бинои нави беморхонаи марказии ноҳияи Дарвоз ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамчунин дар ҳамин ҷо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бунёди бинои нави Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз муаррифӣ гардид.

Тибқи лоиҳа бинои шуъба аз 3-ошёна иборат буда, бо дарназардошти талаботи замони муосир бунёд мегардад ва дар он ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои иҷрои уҳдадориҳои касбӣ ва пешрафти фаъолияти хизматӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520