Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи меҳмонхонаи “Дарвоз Континентал” дар ноҳияи Дарвоз

15.08.2023 09:11, ноҳияи Дарвоз
Ифтитоҳи меҳмонхонаи “Дарвоз Континентал” дар ноҳияи Дарвоз  15.08.2023

15 август дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи замонавии “Дарвоз Континентал”-ро ифтитоҳ намуданд.

Иншооти нави хизматрасонӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ бунёд гардидааст.

Меҳмонхонаи замонавии чорситорадор аз 4-ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 17 ҳуҷра, аз ҷумла 1 ҳуҷраи президентӣ мебошад.

Масоҳати умумии иншоот 1200 метри мураббаъро ташкил дода, дар он дигар инфрасохтори зарурӣ, аз қабили маркази савдо ва хизматрасонӣ, ошхона, дорухона ва толори варзишию солимгардонӣ барои мизоҷон фароҳам оварда шудааст.

Бо бунёди ин иншооти хизматрасонии сайёҳӣ 20 нафар сокини ноҳия бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Тамоми таҷҳизот ва лавозимоти меҳмонхона истеҳсоли ватанӣ буда, хизматрасонӣ дар он тибқи талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст.

Меҳмонхонаи “Дарвоз Континентал” аз иншооти муосирест, ки дар маркази ноҳияи Дарвоз ба хотири ободии як гӯшаи диёр, ҷалби сайёҳон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар ноҳияи Дарвоз айни ҳол 13 меҳмонхонаи замонавӣ, 9 ҳовмстей, истироҳатгоҳ, минтақаи шикор, ширкати сайёҳӣ, 26 мавзеи таърихию фарҳангӣ ва 5 мавзеи сайёҳати экологӣ мавҷуд мебошад.

Тибқи иттилоъ аз оғози соли равон то инҷониб зиёда аз 3 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ба тамошои ин гӯшаи зебои Тоҷикистон омадаанд.

Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми шахсони саховатманди ин ноҳияи зебоманзару дурдасти кӯҳистони Тоҷикистон – Дарвоз ободу зебо ва рушд ёфта, дар баробари пешрафти дигар соҳаҳо дар бахши сайёҳӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.

Рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия ва боздиди шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ бозгӯи он аст, ки сайёҳӣ дар ин мавзеъ соҳаи ояндадор аст.

Бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофӣ, табиати нотакрор, ёдгориҳои қадимаи таърихию фарҳангӣ сайёҳии кӯҳнавардӣ, сайру саёҳат, этнография ва сайёҳии экологӣ дар ноҳияи Дарвоз хеле рушд кардааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити меҳмонхонаи муосир ба иқдоми соҳибкорони ватанӣ баҳои баланд доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520