Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Муовини маъмури Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Кори Удовички

30.06.2008 15:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини маъмури Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Кори Удовичкиро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва муассисаҳои алоҳидааш, аз ҷумла Барномаи рушди он баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Созмони Милали Муттаҳид барои кӯмаки арзанда дар ташкил ва гузарондани конфронси байналмиллалӣ оид ба ко?иши офат?ои табиии вобаста ба об дар шаҳри Душанбе арзи сипос намуд.

Кори Удовички ташаббусҳои Тоҷикистонро оид ба ҳаллу фасли масоили обӣ арзишманд арзёбӣ номида, ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баҳри дар сатҳи баланд ташкил намудани конфронси байналмиллалӣ оид ба ко?иши офат?ои табиии вобаста ба об арзи сипос намуд ва таъкид дошт, ки Созмони Милали Муттаҳид дар татбиқи амалии хулосаҳои судманди он нақши босазои худро хоҳад гузошт. Кори Удовички, аз ҷумла изҳор дошт, ки пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъвати иҷлосияи махсуси Асамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили глобалии об мавриди дастгирӣ қарор гирифтааст.

Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки тавассути ин конфронс таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар ба масоили ҳалталаби вобаста ба об ҷалб карда шуд.

Мусоҳибон ҳамчунин аз татбиқи нақшаю барномаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои тандурустӣ, тоза кардани ҳудуди Тоҷикистон аз мина ва дигар моддаҳои тарканда, идораи сарҳадот ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир изҳори қаноатмандӣ карда, оид ба густариши ҳамгироӣ дар доираи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва мусоидат ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520