Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Кумитаи иҷроия, Котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедевро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот натиҷаҳои рӯзи аввали кори конфронси байналмиллал? оид ба ко?иши офат?ои табиии вобаста ба об ва масоили ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба нақши Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар баррасӣ ва ҳаллу фасли масоили минтақавӣ, аз ҷумла масъалаҳои вобаста ба об баҳои сазовор дода, ба Сергей Лебедев барои иштирок дар конфронси мазкур арзи сипос намуд.
Тавачҷӯҳи зиёд ба масоили омодагӣ ба Форуми зиёиёни илмию эҷодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зоҳир гашт, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Сергей Лебедев ба ташаббусҳои арзишманди байналмилалию минтақавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд дода, изҳор дошт, ки ҷаҳду талошҳои пайвастаи роҳбарияти давлати Тоҷикистон арзандаи дастгирӣ ва татбиқи амалӣ мебошанд.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки моҳи октябр дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад ва доир ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт.