Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими тантанавии супоридани мукофоти олии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ “Нишони фахрӣ” ба Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслахати Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов

14.09.2023 18:46, шаҳри Душанбе
Маросими тантанавии супоридани мукофоти олии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ “Нишони фахрӣ” ба Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслахати Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов   14.09.2023

14 сентябр Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслахати Туркманистон муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Дар назди Қасри миллат меҳмони олимақомро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ истиқбол гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслахати Туркманистон муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳамедовро самимона пазироӣ карда, ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Дар Қасри миллат дар ҳошияи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ маросими супоридани мукофоти олии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Маросими тантанавии супоридани мукофоти олӣ бо иштироки Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон сурат гирифт.

Дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Қарори сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои саҳми барҷастааш дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек байни давлатҳои Осиёи Марказӣ, таъмиқи ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳои минтақа дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои муштараки кишварҳо минтақа дар арсаи ҷаҳонӣ, инчунин кӯшишҳои чандинсолаи шахсии ба бунёдкорӣ ва рушди бемайлон равонакардааш, мукофоти олӣ - “Нишони фахрӣ”-ро дар вазъияти тантанавӣ ба Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслахати Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов тақдим намуданд.

Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслахати Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои меҳмоннавозии самимӣ ва ба сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ барои қадршиносӣ изҳори сипос намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520