Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон аз деҳкада дар Бӯстонсарои ҳукуматӣ

14.09.2023 23:30, шаҳри Душанбе
Боздиди Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон аз деҳкада дар Бӯстонсарои ҳукуматӣ   14.09.2023

Шоми рӯзи 14 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирокчиёни Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал дар деҳкадаи Бӯстонсарои ҳукуматӣ маҳфили “Шоми дӯстӣ” барпо карданд.

 Дар шоми дӯстӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ягҷоягӣ бо меҳмонони олимақоми Тоҷикистон - Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев дар Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сайру гашти шомгоҳӣ баромада, аз намоишгоҳи неъматҳои табиии диёри биҳиштосои мо дидан намуданд.

 Дар намоишгоҳи пуршукӯҳ меваю сабзавот, хушкмеваю асал ва дигар неъматҳои бебаҳои табии кишвари мо ба маъраз гузошта шуда, ба меҳмонони олимақом хеле писанд омад.

Дар роҳравҳои алоҳида ҳар як намуд маҳсулоти кишоварзӣ бо шаклу услуби хос ва ороиши гуногун пешкаш гардид.

Шоми дустӣ барои Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ хеле писанд омад ва меҳмонони олимақом бори дигар ба имконоту захираҳои фаровони кишвари мо дар самти истеҳсоли меваю сабзавоти хушсифат ва хушкмеваҳо, инчунин намудҳои гуногуни таомҳои хушлаззат аз наздик шинос шуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520