Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Мири шаҳри Москваи Федератсияи Россия Юрий Лужков

24.06.2008 18:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мири шаҳри Москваи Федератсияи Россия Юрий Лужковро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистону Россия ва ҳамкорӣ бо пойтахти он шаҳри Москва баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба раванди рушди ҳамкории Тоҷикистону Россия баҳои баланд дода, аз ҷумла таъкид намуд: - «мо муносибатҳои ҳамшарикии стратегии худро бо Федератсияи Россия гиромӣ медорем».

Ҷонибҳо аз густариши муносибатҳои мустақими байни минтақаҳои Тоҷикистону Россия изҳори каноатмандӣ карда, оид ба идомаи ҳамкории пурсамар дар самтҳои илму фарҳанг ва омодасозии кадрҳо, таҷдиди шабакаҳои таъминоти барқу гармӣ ва оби ошомидании шаҳри Душанбе ва сохтмони манзили истиқоматӣ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

Зикр гардид, ки дар зарфи панҷ моҳи соли равон ҳаҷми мубодилаи мол байни Тоҷикистон ва шаҳри Москва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 77 дар сад афзоиш ёфтааст ва ин нишондод боз ҳам рӯ ба болоравӣ дорад.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз баргузории «Рӯзҳои Москва» дар шаҳри Душанбе ва иштироки бевоситаи шаҳрдори он Юрий Лужков изҳори қаноатмандӣ карда, рушди робитаҳои фарҳангиро омили таҳкимбахши муносибатҳо маънидод кард.

Юрий Лужков аз рушди муносибатҳо дар танзими муҳоҷирати меҳнатӣ изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки Ҳукумати шаҳри Москва баҳри зиёд намудани квота ба муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ва муҳайё намудани шароити мусоиди кору зиндагии онҳо дар пойтахти давлати Россия чораҳо меандешад.

Юрий Лужков тасмими Роҳбари давлати Тоҷикистонро оид ба кушодани филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва ва Донишгоҳи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе дорои аҳамияти бузург номида, ба дурнамои муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар баҳои баланд дод.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин дар бораи дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520