Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Москва дар шаҳри Душанбе

23.06.2008 17:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Москва дар шаҳри Душанбе иштирок намуд.

Маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Москва дар шаҳри Душанбе ва нахустнамоиши барномаи рангини он дар толори калони Маҷмааи давлатии Кохи Ваҳдат баргузор гашт.

Бояд тазаккур дод, ки гурӯҳи калони аҳли фарҳанги пойтахти Федератсияи Россия зери сарварии Мири шаҳри Москва Юрий Лужков ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд.

Дар нахустнамоиши барномаи Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Москва дар шаҳри Душанбе ҳунармандони дорои шӯҳрати ҷаҳонӣ аз театри академӣ-мусиқии ба номи К.С.Станиславский ва В.И.Немирович-Данченко, театри Калони Москва, театри миниатюраи Москва, ансамбли «Русская душа», ситораҳои эстрада ва сарояндагони сурудҳои мардумӣ табъи ҳаводорони ҳунари волои мардуми русро болида намуданд.

Хотиррасон мекунем, ки Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Москва дар шаҳри Душанбе рузҳои 23 ва 24 июн идома хоҳанд ёфт. Дар доираи барномаи он пагоҳ соати 18:00 дар Боғи фароғатии «Дӯстии халқҳо» концерти калони ҳунармандони шаҳри Москва, соати 19:00 –и рӯзи 25 июн дар Амфитетри пойтахт консерти ҳунарпешаи хизматнишондодаи Россия Анита Тсой ва дигар чорабиниҳои пурарзиши фарҳангӣ сурат гирифта, дар таҳкими дӯстию рафоқати мардумони Тоҷикистону Россия нақши намоёни худро хоҳанд гузошт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520