Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

18.06.2008 16:00

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расиданд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ», «Дар бораи сирри тиҷоратӣ», «Дар бораи суғуртаи тиббӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими расму оинҳо» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонунҳои ба имзорасида, пеш аз ҳама бо мақсади таъмини ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди минбаъдаи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар ва такмили қонунгузории ҷумҳурӣ қабул карда шудаанд. Амалӣ гардидани онҳо барои рушду нумӯ ва пешрафти минбаъдаи ҳаёти ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520