Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв

26.10.2023 13:18, шаҳри Душанбе
Мулоқот бо Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв  26.10.2023

26 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёвро, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии бокс баррасӣ шуд.

Дар ҷараёни суҳбат доир ба мавқеи бокс дар ҷомеаи Тоҷикистон ва дурнамои рушди ин навъи варзиш дар давлати мо табодули афкор анҷом дода шуд.

Сарвари давлат иштироки фаъолонаи боксчиёни тоҷикро дар мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ ва минтақавӣ таъкид намуда, натиҷаҳои баланди онҳоро дар солҳои охир зикр карданд.

Аз ҷумла, Пешвои миллат дастовардҳои боксчиёни тоҷик дар Бозиҳои осиёиро дар   шаҳри Ханжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки дар онҳо боксчиёни мо як медали тилло ва як медали биринҷӣ ба даст оварданд, таъкид намуданд.

Ҳамчунин ба тадбирҳое, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ва Федератсияи бокси Тоҷикистон ҷиҳати рушди минбаъдаи ин намуди варзиш андешида мешаванд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Ҷонибҳо аз сатҳ ва муҳтавои робитаҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, инчунин ба ҳамкории минбаъдаи судманди Федератсияи бокси Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии бокс изҳори умед карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520