Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Фонди рушди Саудӣ Султон Абдураҳмон ал-Маршад

11.11.2023 12:55, Арабистони Саудӣ
Мулоқот бо Раиси Фонди рушди Саудӣ Султон Абдураҳмон ал-Маршал 11.11.2023

11 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар шаҳри Риёз бо Раиси Фонди  рушди Саудӣ Султон Абдураҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд.

Аз вазъи кунунии ҳамкории судманд бо Фонди рушди Саудӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуда, зарурати идомаи он  барои маблағгузории лоиҳаҳои муҳими иқтисоди Тоҷикистон таъкид гардид.

Ҷиҳати иштироки Фонди рушди Саудӣ дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги гидоэнергетикии Тоҷикистон, хусусан Неругоҳи барқи обии “Роғун”, дастгирӣ ва мусоидат ба маблағгузории сохтмони он фикру мулоҳизаҳои судман баён карда шуд.

Ҳамчунин, идомаи ҳамкории босамари Тоҷикистон ва Фонди рушди Саудӣ дар бунёди иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла иншооти соҳаи маориф ва тандурустӣ дар Тоҷикистон таъкид гардид.

Ҷонибҳо  барои идомаи ҳамкории босамар дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла тиҷорату сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ  омодагӣ  ва ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.

Изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Фонди рушди Саудӣ минбаъд низ ба таври назаррас густариш меёбад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520