Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

15.05.2008 16:00, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри доир намудани машварати корӣ бо роҳбарият ва фаъолони вилояти Суғд дар бораи вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, рафти иҷрои Муроҷиатномаи Сарвари давлат оид ба истифодаи пурсамари заминҳои корам ва омодагӣ ба зимистон ба шаҳри Хуҷанд сафар кард.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд бо боздид аз ҳавлии сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, собиқадори меҳнат Файзинисо Тӯрабоева оғоз ёфт. Чунонки маълум шуд, дар воқеъ усулҳои истифодаи пурсамари замини обӣ аз ҷониби ин деҳқонзани асил басо омӯзандаю ибратбахш аст. Файзинисо Турабоева бо истифода аз таҷрибаи зиёда аз 40 солаи кори худ дар хоҷагиҳои кишоварзӣ имрӯз аз 25 садяк замини наздиҳавлигиаш бо фарзандону наберагон хуб истифода бурда, эҳтиёҷоти моддии 4 оиларо қонеъ мегардонад.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз заминҳои наздиҳавлигии деҳқонони асил Ҳанифа Самадова ва Нориниссо Муродова дидан кард. Зимни шиносоӣ бо маҳсулу заҳмати ин деҳқонон аён шуд, ки онҳо аз заминҳои наздиҳавлигии худ 4 ҳосили сабзавот ва зироатҳои лубиёгӣ мегиранд, аз ҷумла: помидор, сабзӣ, ҷуворимакка, лубиё ва турбу шалғам.

Қобили таъкид аст, ки байни ҳавлиҳои ин деҳқонон девор вуҷуд надорад. Ба андешаи онҳо девор ба зироаткории наздиҳавлигӣ бо сояи худ ва садди роҳи шамол шудан халал мерасонад ва ҳамчунин ҷойи бисёрро банд мекунад. «Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки мо муносибати хуби ҳамсоягӣ дорем ва ба девор ҳеҷ эҳтиёҷ нест», - мегӯянд онҳо.

Дар хоҷагии деҳқонии Отаҷон Убайдуллоев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои пахта, гандумзор, помидор ва дигар анвои сабзавот шинос шуда, аз боғи зардолуи он низ дидан кард. Аъзои ин хоҷагӣ хам аз заминҳои обӣ то 4 ҳосили сабзавоту лубиёгӣ мегиранд. Онҳо аз ҳар гектар замини помидор 700-800 сентнерӣ ва гандуми обӣ, ки тирамоҳ дар байни қаторҳои пахта коридаанд то 40-45 сентнер ҳосил рӯёнданиаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба коркарди пурсамари ҳар ваҷаб замин, кишти такрории заминҳои обӣ а сарфакорона истифода бурдани оби қиматбаҳо ҳидоят намуд.

Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бошишгоҳи саҳроии ҳамин хоҷагии деҳқонӣ доир ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии Вилояти Суғд дар чор моҳи соли равон ва вазифаҳои минбаъда бо роҳбарият ва фаъолони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он машварати корӣ доир намуд.

Дар ҷамъомад ҳамчунин як қатор аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳо ва муассисаҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ оид ба соҳаҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва хоҷагии об, ҳифзи муҳити зист, заминсозӣ ва геодезия, танзими анъана ва ҷашну маросим, роҳбарияти бонкҳои ҷумҳурӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, оид ба истифодаи пурсамари заминҳои корам, гузаронидани кишти такрорӣ, фаровон гардонидани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти худӣ ва омодагии ҷиддӣ ба зимистони оянда ба роҳбарияти вилоят, шаҳру ноҳияҳои он, роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ ва ҳамчунин олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод. Сипас Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳисоботи раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ва раисони шаҳру ноҳияҳои вилоятро шунида, вазъи имрӯзаро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дод ва баҳри бартараф намудани камбудиҳо дар фаъолияти хоҷагии халқи вилоят ба масъулин супоришҳои қатъӣ дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520