Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафири фавқулодда ва мухтори Чехия дар Тоҷикистон Алеш Фойтикро ба муносибати анҷом ёфтани мӯҳлати ваколати дипломатиаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт.
Дар сӯҳбат оид ба паҳлӯҳои гуногуни муносибатҳои Тоҷикистону Чехия ва роҳҳои густариши минбаъдаи робитаҳои барои ҳарду кишвар судманд гуфтугӯ сурат гирифт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Алеш Фойтик барои саҳми намоёнаш дар таҳкиму тавсиаи муносибатҳои ду кишвар арзи сипос карда, ба фаъолияти минбаъдааш барору комёбӣ таманно намуд.
Алеш Фойтик дар навбати худ изҳор дошт, ки минбаъд низ баҳри рушди муносибатҳои пурманфиати Тоҷикистону Чехия талош хоҳад кард.