Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро, ки баҳри иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи ин созмон ба шаҳри Душанбе омадаанд, ба ҳузур пазируфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба тадбирҳои муштараки таҳкиму тақвияти амнияту суботи минтақавӣ ва байналмилалӣ андешаронӣ карда, аз ҷумла ба нақши Созмони ҳамкории Шанхай дар ин самт баҳои баланд дод.
Таъкид гардид, ки роҳбарияти Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори устувори муборизаи муштарак бо хатарҳои ҷаҳони имрӯза - терроризму экстремизми байналмилалӣ, сепаратизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аст.
Байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи авзои кунунии минтақавию ҷаҳонӣ ва дарёфти роҳҳои муассири пешгирӣ аз хатару таҳдидҳои муосир ва ҳамчунин доир ба дурнамои вазъият дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо бори дигар кори пурсамар ва будубоши гуворо дар сарзамини Тоҷикистон таманно намуд.