Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

03.05.2008 17:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як зумра кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулияти давлатӣ пешниҳодшударо барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.

Баъди сӯҳбати судманду пурмӯҳтаво, ки дар ҷараёни он Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кори софдилонаю содиқона ба манфиати давлату миллати худ ҳидоят намуд, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 нафар ба вазифаҳои раисону муовинони раисони судҳо ва судяҳо дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе таъин карда шуданд.

Ғайр аз ин Эркин Қосимов сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, Асомиддин Саидов сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Қирғизистон, Фаррух Шарипов Консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия, Ҳаким Мирсаев мудири шуъбаи назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асрор Латипов мудири шуъбаи ташкилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Зимни сӯҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла аз даст задани баъзе судяҳо ва дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷиноятҳои коррупсионӣ изҳори нигаронӣ карда, кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулияти мақомоти судӣ таъиншударо ба риояи адолати судӣ, таъмини волоияти қонун ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҳидоят намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз вазифаю супоришҳои дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншуда оид ба ҳифзи манфиатҳои давлати Тоҷикистон ва мардуми кишвар ёдовар шуда, изҳори боварӣ намуд, ки кадрҳои ба вазифаҳо таъиншуда тамоми донишу маҳорат ва малакаи касбии худро ба манфиати халқу Ватани хеш равона месозанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520