Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи изҳори тасаллӣ ба Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ

16.12.2023 20:30, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Аълоҳазрат,

Хабари даргузашти Амири Давлати Кувайт Шайх Наввоф ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ боиси ғояти ҳузну андӯҳи мо гардид.

Шодравон ходими барҷаставу муваффаки сиёсиву давлатӣ ва яке аз  шахсиятҳои намоён дар минтақа ва ҷаҳон буданд.

Марҳум ҳамчун сарваре, ки ҷиҳати густариш ва тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайт саҳм гузоштааст, ҳамеша дар хотироти мо боқӣ мемонад.      

Вобаста ба ин талафоти гарон, аз номи Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқи инҷонибро ба мардуми бародари Кувайт баён намуда, ба наздикон ва пайвандони марҳум таслияти самимии хешро изҳор менамоям.

Парвардигор марҳуми олиқадрро шоистаи раҳмат намояд ва ҷояшро ҷаннат гардонад. 

Инна лиллоҳи ва инна илайҳи роҷиъун».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520