Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ

19.12.2023 14:52, шаҳри Душанбе

19 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср муҳтарам Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ барқияи шодбошӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

Шуморо бо пирӯзии баҳснопазиратон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср сидқан табрику муборакбод менамоям. Лутфан, таманниёти самимии инҷонибро ба ин муносибат бипазиред.

Натиҷаҳои ин интихобот боз як далели эътимоди баланди ҷомеа ба фаъолияти давлатии Шумо, обрӯву эътибори муътабари сиёсиатон буда, намунаи барҷастаи дастгирӣ ёфтани сиёсати давлатиатон аз ҷониби мардуми Миср мебошад, ки ба рушди бемайлони кишвар ва таҳкими мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст. Бовар дорам, ки тайи давраи пешомад Шумо дар роҳи идораи муваффақи Мисри ба мо дӯст ба дастовардҳои навин ноил хоҳед гардид. 

Густариши ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Миср рукни муҳими сиёсати хориҷии давлати моро ташкил медиҳад.

Итминон дорам, ки мо бо амалҳои муштараки пайваста ҳамкории созандаи Тоҷикистон ва Мисрро дар оянда низ босамар пеш бурда, онро мутобиқ бо манфиатҳои аслии мардумонамон бо мазмуну мӯҳтавои нав ғанӣ хоҳем гардонид.

Омодагии инҷонибро ҷиҳати талошҳои минбаъда дар ин ҷода таъкид намуда, аз Шумо, ҷаноби Президент, ҷиҳати анҷом додани боздид аз Тоҷикистон дар фурсати бароятон муносиб муҷаддадан даъват ба амал меорам.

Бо камоли самимият ба Шумо сиҳатмандии бардавом ва дар фаъолияти сермасъули давлатиатон комёбиҳои нави бузург, ба мардуми бародари Миср сулҳу некӯаҳволӣ ва шукуфоии пойдор орзу менамоям».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520