Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ

20.12.2023 13:00, шаҳри Душанбе

20 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Кувайт Шайх Мишъал ал-Аҳмад ал-Ҷобир ас-Сабоҳ барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Аълоҳазрат,

Бо камоли сарфарозӣ Шуморо ба муносибати интихоб гардиданатон  ба ҳайси Амири Давлати Кувайт табрику муборакбод менамоям.

Итминон дорам, ки таҷрибаи ғанӣ ва малакаи баланди касбии Шумо барои пешрафту шукуфоии Давлати Кувайти дӯст ва таҳкими ҷойгоҳи он дар арсаи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон густаришу тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаро бо Давлати Кувайт муҳим медонад ва онро ба ҳайси яке аз шарикони боэътимоди худ дар минтақаи Ховари Миёна ва арсаи байналмилалӣ эътироф мекунад.

Мо аз сатҳи имрӯзаи ҳамкории гуногунҷабаамон бо кишвари Шумо изҳори қаноатмандӣ менамоем ва ба дурнамои он дар бахшҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн назари некбинона дорем.

Дар ин зимн  рағбати содиқонаи худро ба ҳамоҳангиву ҳамкорӣ бо Шумо ҷиҳати пешбурди самарабахши равобити ҳасанаи кишварҳоямон изҳор менамоям.

Ба Шумо, Аълоҳазрат, саломатии комилу дар иҷрои муваффақи рисолати сермасъулатон комёбиҳо ва ба мардуми ба мо бародари Кувайт сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоӣ орзумандам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520