Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Роҳбари намояндагии Хазинаи байналмилалии асъор Карлос Пинеруа

30.04.2008 12:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари намояндагии Хазинаи байналмилалии асъор Карлос Пинеруаро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ва дигар муассисаҳои байналмилалии молиявӣ баррасӣ шуд.

Гуфтугӯйи судманд дар бораи барқарорсозии боварию эътимоди костагаштаи байни Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор сурат гирифт.

Карлос Пинеруа аз натиҷаҳои фаъолияти дуҳафтаинаи гурӯҳи кории Хазинаи байналмилалии асъор дар Тоҷикистон ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гузориш дода, аз ҷумла изҳор намуд, ки баҳри идомаи ҳамкорӣ ва барқарор сохтани фазои боварии байниҳамдигарӣ мо ба мувофиқа расидем. Зикр гардид, ки бартарафсозии монеаҳои мавҷудаи ҳамкорӣ мутобиқи як барномаи махсус амалӣ гашта, барои татбиқи барномаҳои дигари пурманфиат замина эҷод мешавад. Таъкид гашт, ки санҷиши қарибулвуқӯъи фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва таъмини шаффофияти сиёсати пулию қарзии он қадами асосӣ дар барқарорсозии фазои боварӣ ва густариши ҳамкории минбаъда хоҳад буд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Карлос Пинеруа ва дигар намояндагони Хазинаи байналмилалии асъор барои кӯшиши муҳайёсозии шароити мусоиди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон арзи сипос намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520