Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз сафири фавқулодда ва мухтори Италия дар Тоҷикистон Ҷованни Риччулли

30.04.2008 13:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафири фавқулодда ва мухтори Италия дар Тоҷикистон Ҷованни Риччулли эътимоднома қабул намуд.

Дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷованни Риччулли масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Италия баррасӣ шуд.

«Барои Тоҷикистон рушди муносибатҳо бо Италия самти муҳимми сиёсати хориҷӣ аст», - изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо аз пайвастагии робитаҳои сиёсию иқтисодии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид доштанд, ки имкону захираҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ ҳанӯз басо фароханд, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсия, туризм ва ғайра.

Фаъолияти босамари ширкати муштараки Тоҷикистону Италия «Ҷавонӣ» намунаи хуби ҳамкории иқтисодию технологии соҳибкорони ду кишвар дар соҳаи саноати сабук ва ба наздики 100 миллион доллари амрикоӣ расидани ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот дар соли гузашта нишонаи рушди робитаҳои тиҷоратӣ маънидод гашт.

Мусоҳибон ҳамчунин оид ба таҳкими амнияту суботи иҷтимоию сиёсӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, пурзӯр намудани ҳифзи сарҳадот ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир табодули назар намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520